Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ

Баъди тирпарронӣ дар Алмаато низоми зидди террористӣ эълон шуд

12
(Таҷдидшуда 13:47 18.07.2016)
Марди мусаллаҳ дар кӯчаҳо қадам зада ва ба сӯи ҳаво оташ кушод. Дар шаҳр сатҳи баландтарини хатар эълон шуда, амалиёти зидди террористӣ гузаронида мешавад.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар маркази Алмаато назди бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳиявӣ тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад ИА Казоқистон.

Ба гуфти шоҳидон марди  номаълум  аслиҳа дар даст ва ба сӯи осмон тирпарронӣ кардааст.

"Панҷ-шаш мардро назди мо оварданд, айни ҳол онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор додарнд ",-гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Бино ба маълумоти пулис дар шаҳр низоми шадиди амниятии сатҳаш "сурх" эълон шуда, амалиёти зидди террористӣ гузаронида мешавад.

"Аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки хонаҳои худро тарк накунанд, аз ҷойҳои серодам нагузаранд. Дар бораи ҳама гуна одамони шубҳанок даррав ба мақомоти пулис маълумот диҳанд",-гафта мешавад дар иттилоия.

Ҳамчунин дар бораи ба ҳалокат расидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дода мешавад.

"Дар шаҳри Алмаато низоми амниятии шадиди сатҳаш "сурх" эълон шудааст. Қурбониён низ ҳастанд. Яке аз ҳамлакунандагон дастгир гардида, як тани дигар дар кофтуков қарор дорад",-омадааст дар хабарнома.

Моҳи июни соли равон дар Актоби Қазоқистон гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба мағозаҳои фурӯши аслиҳа ва бинои низомӣ ҳуҷум карданд. Дар шаҳр низоми зиддитеррористӣ эълон шуда буд. Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд, ки аз байнашон се нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ буданд.

12
Барчаспҳо:
ҳамлаи террористӣ, Алмаато, Қазоқистон
Мавзуъ
Дар Қазоқистон 9 июн дар робита бо ҳодисаи Актоб Рӯзи мотам эълом шуд