Зилзилашиносӣ. Акс аз бойгонӣ

Қазоқистонро заминларза ду маротиба такон дод

26
(Таҷдидшуда 14:03 25.11.2016)
Маркази заминҷунбии авввал, ки дар чуқурии 20 ва 10 км ҷойгир буд ва қувваи он 4,6 баллро ташкил дод, дар масофаи 276 километрии самти шарқу-ғарбии Алмаато қарор дошт

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар вилояти Алмаатои Қазоқистон ду маротиба замин бо қувваи 4,6 ва 4,4 бал ҷунбид, хабар дод бахши зилзилашиносии вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон.

Маркази заминҷунбии авввал, ки қувваи он 4,6 баллро ташкил дод, дар масофаи 276 километрии самти шарқу-ғарбии Алмаато қарор дошт. Заминларза соати 08.53 (07:53 бо вақти Душанбе) ба амал омад.

Баъди чанде, соати 08.55 боз дар ҳамон минтақа такроран ҷунбиши замин бо қувваи 4,4 бал ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар чуқурии 10 километрӣ ҷойгир шуда буд.

26
Барчаспҳо:
ду маротиба, 4,4 бал, 4,6 бал, заминҷунбӣ, маркази зилзиласанҷӣ, Қазоқистон
Мавзуъ
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон заминларза рух дод
Дар сарҳади Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод