Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Мирзиёев бекор кардани раводидро то соли 2021 ба таъхир гузошт

284
(Таҷдидшуда 12:15 09.01.2017)
Президенти Узбакистон қарор дар бораи бекор кардани раводид барои сайёҳонро то соли 2021 ба таъхир гузошт

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Бекор кардани раводид барои сайёҳони 27 кишвари дунё, ки бояд 1 апрели соли 2017 фаъол мешуд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузошта шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Қарори мазкур аз ҷониби Шавкат Мирзиёев президенти Ҷумҳурии Узбакистон рӯзи душанбе қабул гардид.

Қаблан президенти Узбакистон фармон дар бораи бекор кардани низоми раводид барои 15 кишвари дунёро дар давоми 30 рӯз ба имзо расонида буд. Дар баробари ин низоми раводид бояд барои шаҳрвандони аз 55 сола болои 12 кишвари дунё низ бекор карда мешуд.

Дар ҳуҷҷат қайд мешавад, ки бекор кардани раводид барои мамолики хориҷ минбаъд бо дарназардошти рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Узбакистон бо ин ё он давлат ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар бастагӣ бо ҳуҷҷати нав ҳамчунин "долони сабз" низ барои сайёҳони хориҷӣ то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузошта мешавад.

284
Барчаспҳо:
то соли 2021, ба таъхир гузоштан, низоми раводид, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон
Мавзуъ
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Пешгӯии Усмонов: Узбакистон бо Шавкат Мирзиёев ояндаи дурахшон дорад
Мирзиёев ба 180 нафар шаҳрвандии Узбакистон дод