Сарҳадбонон. Акс аз бойгонӣ

Низоъ дар сарҳад: кӯчаи тангро 100 милиса посбонӣ мекунанд

82
(Таҷдидшуда 11:58 23.01.2017)
Айни замон сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби 100 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар посбонӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бо мақсади пешгирии низоъҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон назоратгоҳҳои иловагӣ гузошта шуданд, хабар медиҳад  Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти сарҳадии кишвар.

Дар Кок-Тоши ноҳияи Ботканди Қирғизистон, рӯзи якшанбе тақрибан соати 17.00 байни сокинони наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон занозанӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар рафти низоъ ба як хона ва 4 мошин зарари моддӣ расонида шуд. Бо мақсади пешгирии ноҷурии вазъият дар сарҳади ду кишвар, сарҳабдонони иловагӣ навбатдорӣ мекунанд.

Дар айни замон вазъият ором аст. Ҳамин тавр сарҳадбонони ду кишвар дар ҷои ҳодиса аз рӯи реҷаи муқарраршуда, навбатдорӣ мекунанд.

Қайд мегардад, ки барои таҳти назорат гирифтани вазъият наздики 100 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар сафарбар карда шудаанд.

Аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дошта, сабаби занозанӣ маълум карда мешавад.

Манзилҳои шаҳрвандони сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро танҳо кӯчаи танге аз ҳам ҷудо мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин ҷо зуд зуд байни сокинони сарҳадӣ низоъҳо ба амал меояд.

82
Барчаспҳо:
100 нафар милиса, посбонӣ, занозанӣ, низоъ, Хадамоти давлатии сарҳадбонии ҶҚ, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Қароргоҳҳои сарҳадбонӣ дар ҶТ: меваи густариши иқтисодии Чин