Суқути ҳавопаймои боркаш дар Қирғизистон

Фиҷиаи Boeing дар Бишкек як ҷони дигарро бо коми худ кашид

61
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2017)
Ҳоло дар беморхонаҳои Қирғизистон 14 ҷароҳатбардоштагони суқути ҳавопаймои туркӣ қарор доранд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Як нафар ҷабрдидаи  дигар, ки дар натиҷаи суқути Boeing 747, ҷароҳат бардошта, ба беморхона равон карда шуда буд,  вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Санаи 16-уми январ ҳавопаймои боркаш  Boeing 747-400 дар наздикии фурудгоҳи "Манас", дар деҳаи Дача- Суу ба садама гирифтор шуд.  Дар натиҷа 32 хонаҳои сокинони қишлоқ валангор, зиёда аз 30 нафар қурбони ҳодиса шуданд.

Ҷабрдида Раҳмонов Сангинбеки 29-сола санаи 16-уми январ дар ҳолати вазнин ба беморхона ворид гардид. Духтурон ба вай ташхис гузоштанд: 3-4 дараҷаи3-4 сӯзиши аъзои бадан.

Эмомалӣ Раҳмон президенти ҶТ. Акс аз бойгонӣ
© Фото: Официальная страница пресс-службы президента РТ

Барои наҷот додани бемор духтурон тамоми чорабиниҳои тиббиро санҷиданд, аммо санаи 21-уми январ  бемор вафот кард.

Ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар беморхона 14 ҷабрдида қарор дорад, аммо шумораи онҳо рӯз то рӯз тағийр меёбад. Қисме аз осебдидагон, дар беморхона саломатии худро барқарор карда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

61
Барчаспҳо:
қурбонӣ, садама, ҳавопаймои ширкати туркӣ, ҷабрдида, Бишкек, Қирғизистон
Мавзуъ
Рустам сабаби эҳтимолии суқути Boeing-747- ро шарҳ дод