Котиби матбуоти президенти Русия дмитрий Песков, акс аз бойгонӣ

Песков дар бораи вохӯрии Путин ва Мирзиёев хабар дод

184
Дар рафти гуфтушунид президентон масоили энергетика, ирсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкории ҳарбиву техникӣ ва муҳоҷират сӯҳбат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин ба наздикӣ- дар байни 2-3 моҳ дар Маскав бо президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев вохӯрӣ баргузор мекунад, хабар дод котиби матбуоти президент Дмитрий Песков.

Қайд карда мешавад, ки раисҷумҳури Ӯзбакистон барои баррасии масоили ба  роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия ва бекор карадни боҷи найфти Русия меояд.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин моҳи феврали ҳамин сол ба Тоҷикистон низ ташриф хоҳад оварад. Дар ин бора Игор Шуволов муовини аввали сарвазири Русия ҳангоми боздиди худ аз Тоҷикистон хабар дода буд.

Чуноне ки коршинос Андрей Грозин коршиноси минтақаҳои  Осиёи Миёна мегӯяд, Владимир Путин якбора ба якчанд ҷумҳуриҳои минтақаъ ҳузур меорад.

Ҳамин тавр ба гуфтаи Грозин президенти Русия ба сарони кишварҳои Осиёи Миёна барои ҳалли мушкилиҳои минтақавӣ, аз ҷумла масъалаи об кӯмак мекунад.

184
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Маскав, Мирзиёев, Путин, Русия, Ӯзбакистон