Рустам Азимов, собиқ муовини сарвазири ҶУ

Ба кадом симат таъин гаштани Рустам Азимов маълум шуд

167
Пештар расонаҳои узбакӣ дар бораи мудири ширкати миллии суғуртавии “Ӯзбекинвест” таъин гардидани собиқ муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов хабар дода буданд. Имрӯз сомонаи ширкат расман ин маълумотро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Рӯзи 6-уми июн муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақомаш барканор гардида буд.

Расанаҳои узбакӣ баъд аз маълум гардидани барканоршавии Азимов, дар бораи мудири ширкати "Ӯзбекинвест" таъин шудандаш гузоришҳо навишта буданд.

Тавре Sputnik  Узбакистон хабар медиҳад, худи ширкат рӯзи гузашта ин маълумотро тасдиқ накард.

Имрӯз бошад, ширкат дар сомонаи расмиаш ин маълумотро расман тасдиқ кард.

"Рустам Азимов бо қарори Шӯрои вазирони Узбакистон мудири ширкати милии суғуртавии "Ӯзбекинвест" таъин карда шуд",- гуфта мешавад дар хабари сомона.

167
Барчаспҳо:
симат, Рустам Азимов, Узбакистон