Узбекистан на карте. Глобус

Эрон барои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муъассисаи "Эрони Шарқӣ" бунёд кард

160
(Таҷдидшуда 01:41 10.08.2017)
Ҳадаф аз роҳандозии муъассисаи мутолеъотии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки "Эрони Шарқӣ" номида шуда, ёрирасонии фикрӣ ба ниҳодҳову дастгоҳҳои сиёсатгузор ва пешбурди манофеъи миллии Эрон дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Муъассисаи мутолеъотии "Эрони Шарқӣ", чуноне, ки бунёдгузоронаш гуфтаанд, бо ҳадафи анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ ва баррасиву воковии воқеъбинонаи таҳаввулоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бунёд шудааст.

Яке дигар аз ҳадафҳои ин бунгоҳ "пешниҳоди назароту дидгоҳҳои бетарафона ва ибтикорӣ бо ҳадафи дарёфту пешбинии беҳтари таҳаввулоту равандҳои мавҷуд дар он минтақа, таълифу интишори китобҳои тахассусии ҳавзаи ОМ ва Афғонистон, нақду баррасии амалкарди дастгоҳи сиёсати хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои сиёсатгузори Эрон, кумаки фикрӣ ба иҷрои сиёсати хориҷӣ ва пешбурди манофеъву амнияти миллии Эрон" эълом шудааст.

Ангезаи бунёди муъассисаи мутолеъотии "Эрони Шарқӣ" ин буда, ки аҳамияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар низоми байналмилалӣ ба далели маҳалли бархурди қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ будану доштани манобеъи саршори энержӣ, бавижа нафту гоз дар даҳсолаҳои ахир дар заминаҳои гетосиёсӣ (геополитика), гетороҳбурдӣ (геостратегия), гетоиқтисодӣ (геоэкономика) ва гетофарҳангӣ (бавижа дар чорчӯби назарияи бархурди тамаддунҳои Ҳантингтун) бештар аз пеш шудааст.

Аз дигар сӯ, афзоиши ҳузури қудратҳои иқтисодии навзуҳуре чун Чин ва Ҳинд ва қудратгирии ҷараёнҳои ифрот дар ин минтақа муҷиби таваҷҷуҳ ва афзоиши рақобати қудратҳои бузурги минтақаӣ ва фароминтақаӣ барои густарондану жарфонидани нуфуз ва мудирияти фарояндҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва таробарӣ шудааст.

Аз он ҷое, ки таҳаввулоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъсири мустақим бар манофеъву амнияти миллии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дошта ва хоҳад дошт, ҷамъе аз коршиносони эронӣ Муъассисаи мутолеъотии Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро таъсис дода ва онро "Эрони Шарқӣ" номидаанд.

Ин муъассиса дар шаҳри Машҳад ҷойгир шуда, ки наздиктарин шаҳри эронӣ ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аст.

160
Барчаспҳо:
гетофарҳангӣ, гетоиқтисодӣ, гетороҳбурдӣ, гетосиёсӣ, "Эрони Шарқӣ", Эрон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон
Мавзуъ
Роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон ба бунбаст расид
Вазири умури хориҷаи Эрон бо раҳбарони Афғонистон дидор мекунад