Шармандагӣ: Чашмак задани вакили маҷлис ҳангомаеро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ барпо кард

© SputnikПросмотр ролика, в котором депутат от партии "Миллий тикланиш" Дилфуза Жалилова подмигивает
Просмотр ролика, в котором депутат от партии Миллий тикланиш Дилфуза Жалилова подмигивает - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакили маҷлис дар раванди пахши зиндаи барномае пурсиши ширкаткунандагонро тамасхуромез посухи мусбат медиҳад, аммо сипас рӯ ба ҳамҳизбонаш оварда чашмак мезанад

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Рафтори як вакили маҷлисе аз Ҳизби демократии Узбакистон "Милли тикланиш" Дилфуза Ҷалилова дар раванди пахши зиндаи барномаи телевизюнӣ ҳангомаеро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бар хезондааст. 

Дар яке аз барномаҳои телевизионӣ вакилони ҳизбҳои "Адолат" ва "Милли тикланиш" даъват шуда буданд. Дар рафти барнома баҳсе дар бораи қитъае аз намои оромгоҳи Чашмаи Аюб дар вилояти Бухоро сар зад.

Дар ин бора ширкаткунандагон аз вакилон як суоли оддиеро пурсон шуданд: "Маҷлиси вилояти Бухоро чӣ масъулияте дорад. Натиҷаҳои назорати порлумонии Маҷлиси қонунгузор дар куҷост?".

"Ҳаст, ҳаст, ҳаст",  — тамасхуромез посух дод ба ин суол вакили маҷлиси Олӣ Дилфуза Ҷалилова. Аммо ин вакил агар бо ин гуфтаҳояш қаноат мекарду як бадрафто рӣаз хуш нишон намедод, "ситора"-и шабакаҳои иҷтимоъӣ намешуд. Вакил пас аз он посух рӯ ба ҳамҳизбонаш оварду чашмакӣ зад.

Навори ин барнома ба зудӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн гардид, ки вокуниши густардаи шаҳрвандони Узбакистонро дар пай дошт. Бисёре аз корбарони шабака ин чашмакии вайро ҳамчун исботи он ки гуфтаҳои вакил дурӯғ буд, қабул карданд.

Лентаи хабарҳо
0