Шикасти бузкашони Тоҷикистон аз тими Қирғизистон

© AP / Theodore KayeБузкаши в Таджикистане. Архивное фото
Бузкаши в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бузкашони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ аз дастаи аспсаворони Қирғизистон шикаст хурданд

ДУШАНБЕ, 26 авг— Sputnik. Бузкашони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бузкашӣ ширкат карданд.

Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, муттассифона дастаи Тоҷикистон аз рақибони худ аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 15:2 мағлуб шуданд.

Сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд.

Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ

Ин ғолибияти чаҳоруми дастаи Қирғизистон мебошад. Пештар дастаи Қирғизистон тимҳои Туркия, Узбакистон ва Муғулистонро мағлуб карда буданд.

Дар сабқати ҷаҳонии бузкашӣ намояндагони 11 кишвари дунё ширкат  мекунанд. Ҳоло мусобиқа идома дорад.

Пештар хабар дода будем, ки рӯзҳои 8-10 сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб ва Рӯдакӣ мусобиқаҳои кишварӣ баргузор мешаванд.

Тибқи нақша мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои куштии миллӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот, варзиши сабук, сангбардорӣ, шиноварӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ ва пешниҳоди намоишҳои бозиҳои миллии мардумӣ баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0