Раисҷумҳур раҳбари Хадамоти муҳоҷиратиро барканор кард

© Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарии Хадамоти муҳоҷиратии Туркманистонро Мерган Гурдов бар дӯш гирифт, ки то кунун муовини раиси ин ниҳод буд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов сарҳанг Майлис Нӯбатовро ба далели гузаштан ба дигар кор аз симати раиси Хадамоти давлатии муҳоҷират озод кардааст.

Ба гузориши телевизиони давлатии Туркманистон, раҳбарии Хадамоти муҳоҷиратии Туркманистон ба саргурд Мерган Гурдов вогузор шудааст, ки то кунун муовини раиси ин ниҳод буд.

Сарҳанг Мейлис Нӯбатов аз моҳи августи соли 2015 раёсати Хадамоти давлатии муҳоҷиратии Туркманистонро бар дӯш дошт.

Лентаи хабарҳо
0