Даргузашти ҳунарманди мардумӣ Михаил Державин

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАктер Михаил Державин. архивное фото
Актер Михаил Державин. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди саршиноси театри мазҳакавии Русия дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҳунарманди машҳури Театри мазҳакавии Русия Михаил Державин рӯзи чаҳоршанбе аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

"Михаил Державин ҳунарманди халқӣ, пас аз бемории дарозмуддат даргузашт", — гуфт намояндаи театр.

Ҳунарманд 81 сол дошт. Санаи ба хок супоридани Державин то ҳол маълум нест.

"Михаил Державин дар гузашт. Беҳтарин аз Театри мазҳакавӣ. Рӯҳаш шод бод", — навиштааст рӯзноманигор, коршиноси сиёсӣ Армен Гаспарян.

Михаил Державин-ҳунарнанди театр ва кинои Русия, ҳунарманди мардумии ИҶШС, ҳунарманди хизматнишондодаи ИҶШС мебошад. Державин соли 1936 дар Маскав ба дунё омадааст. Падари ҳунарманд ҳам, ҳунарманди мардумии ИҶШС буду дар Театри ба номи Вахтангов фаъолият мекард.

Державин фориғуттаҳсили мактаби ба номи Шукин буда дар театри мазҳакавӣ фаъолият мекард. Дар давоми фаъолияти ҳунариаш Державин дар беш аз 70 намоишнома нақш офаридааст.

Ҳунарманд барои мардум бо нақшҳо дар филмномаҳои "Ревизор", "Се кас дар қайиқ", "Шӯхиҳои хурди хонаи бузург", "Девонаҳо" ва дигарон маъруф аст.

Лентаи хабарҳо
0