Барзу Абдураззоков. Архивное фото

Барзу Абдураззоқов - барандаи "Гран-при"-и ҷашнвораи байналмиллалӣ

0
(Таҷдидшуда 16:05 18.11.2014)
Намоишномаи театри ҷавонони қирғиз, ки онро коргардони маъруфи тоҷик ба саҳна гузоштааст, соҳиби чор ҷоизаи ҷашнвора дар Қазоқистон гардид.

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Намоишномаи "Роҳи тулонӣ ба Макка"-и Барзу Абдураззоқов чор ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалӣ дар Тарази Қазоқистонро ба худ ихтисос додааст, менависад хабаргузории маҳаллии Озодагон.

Дар ҷашнвораи байналмилаллии санъати ҳунармандӣ (актёрӣ) театрҳои ҳафт кишвар ширкат доштанд, аммо бо сабабҳои номаълум аз Тоҷикистон ҳеч театре ҳозир нашудааст.

Намоишномаи "Роҳи тӯлонӣ ба Макка"-и Барзу Абдураззоқов, ки театри ҷавонони Қирғизистон — "Учур" ба намоиш гузошт, беҳтарин намоишномаи ҷашнвора эълон гардид.   Намоишномаи мазкур ба ҷуз "Гран-при" боз  се ҷоизаи дигар- "беҳтарин ҳайати ҳунармандон", "беҳтарин нақши мард" ва "беҳтарин нақши зан"-ро низ соҳиб гашт.

Нахустин ҷашнвораи байналмилалии санъати театрии ба номи Тунгушбой Ал Таразӣ, артисти халқии Қазоқистон, раиси кормандони соҳаи театри он кишвар рӯзи 13 ноябр ҷамъбаст гардид.

0