Нависанда Агата Кристӣ. Акс аз бойгонӣ

Дастнависи намоишномаҳои нашрнашудаи Агата Кристӣ ошкор шудаанд

3
(Таҷдидшуда 16:11 26.08.2015)
Агата Кристӣ яке аз муаллифони саршиноси насри иктишофӣ буда беш аз 60 романҳои иктишофӣ мунташир кардааст. Китобҳои вай бо теъдоди беш аз 4 миллиард нусха ба беш аз 100 забонҳо мунташир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Даҳ намоишномаи номаълуми Агата Кристиро сармоягузори бритониёии арсаи театр Ҷулиус Грин ошкор кардааст, менависад хабаргузории REGNUM.

Инҳо панҷ намоишномаи комил ва панҷ драмма дар як намоиш мебошанд, ки қаблан номаълум ва ё фаромӯшшуда буданд.

Ба ҷуз аз ин номаҳои қаблан мунташирнашудаи нависанда пайдо шудаанд. Маводди пайдошуда то ҳол дар бойгониҳои мухталиф маҳфуз монда буданд ва ҷаноби Грин ба бойгонии хонаводагии Кристӣ дастрасӣ пайдо кардааст.

Намоишномаҳои пайдошуда ба китоби таҳия шуда истодаи "Парда: Агата Кристӣ — Зиндагӣ дар театр" шомил мешаванд, хабар медиҳад The Daily Mail.

Хонум Агата Мэри Кларисса Маллоуэн, ки бештар бо исми хонаводагии шавҳари аввалаш ҳамчун Агата Кристӣ саршинос аст, 15 сентябри соли 1890 таваллуд шудааст.

Вай яке аз муаллифони маъруфи насри иктишофӣ ва яке аз нависандаҳоест, ки дар таърихи башарият (баъд аз Библия ва Шекспир) осораш бештар мунташир шудаанд.

Кристӣ беш 60 романи иктишофӣ, 6 романи равонӣ (зери исми мустаъори Мэри Уэстмакотт ва ё Вестмакотт) ва 19 маҷмӯъаи ҳикоёт мунташир кардааст.

Китобҳои вай бо теъдоди беш аз 4 миллиард нусха ба беш аз 100 забонҳо мунташир шудаанд.

Вай ҳамчунин миқдори бештари намоишномаҳо аз рӯйи асарҳояшро соҳиб аст. Намоишномаи Агата Кристӣ "Мушқапак" барои бори нахуст соли 1952 намоиш дода шуда то ҳол пайваста дар намоиш аст.

Ин нависандаи бритониёӣ 12 январи соли 1976 фавтидааст.

3
Барчаспҳо:
ошкор шудани намоишномаҳои номаълуми Агата Кристӣ, Ҷулиус Грин, Агати Кристӣ, Бритониё