Ёдбуди Акбари Саттор дар Душанбе

© Страница Абдурахмона Рахмонова в FacebookАкси Акбари Саттор дар муқоваи китоби "Акбари бузург"
Акси Акбари Саттор дар муқоваи китоби Акбари бузург - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва муассиси ҶДММ “Чархи гардун” дар моҳи августи соли гузашта пас аз бемории кӯтоҳ даргузашт.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Имрӯз дар толори хурди мавсум ба Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод"-и шаҳри Душанбе маросими ёдбуди раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор) доир гардид, иттилоъ доданд ба Sputnik аз котиботи ИЖТ.

Ёдбуди Акбари Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

"Агар умр вафо мекард, Акбаралӣ имрӯз 51-сола мешуд, аммо афсӯс риштаи ҳаёти ӯ хеле барвақт, дар айни авҷи камолот канда шуд. Аммо ёди ӯ, кору пайкораш дар зеҳни мо ҳамеша зинда хоҳад буд",- иброз дошт раиси тозаинтихоби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар баробари маҳфили ёдбуди оқои Саттор рӯнамоии китоби "Акбари бузург", ки маҷмӯи мақолаву хотирот ва навиштаҳои дӯстону ҳамкоронашро дар бар мегирад, сурат пазируфт.

Акбари Саттор, муассис ва молики нашрияҳои маъруфи "Чархи гардун", "Вечерний Душанбе", "Дайджест-Пресс","Аладдин" ва "Зан ва мард" буд ва аз соли 2005, тайи 10 соли ахир раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистон- ИЖТ-ро низ бар дӯш дошт.

Ӯ рӯзи 28 августи соли 2015 аз дунё даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0