Ҷевони китобмонӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Бишкек китобҳои беҳтарини ИДМ интихоб мешаванд

14
Озмуни китобҳои беҳтарин ҳанӯз аз соли 2004 гузаронида мешавад. Дар пойтахти Қирғизистон озмуни китобҳои беҳтарин аз рӯи 10 бахш санҷида шуда, ғолибони озмун дар намоишгоҳи байналмиллаӣ, ки моҳи сентябр дар Маскав баргузор меградад, қадрдонӣ карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 21 июня — Sputnik. Доварони озмуни "Санъати китоб" дар давоми ҳафта беҳтарин ноширони китоби ИДМ-ро муайян менамоянд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризм.

Дар китобхонаи Ҷумҳуриявии кӯдакони ба номи Қосимали Баялинов рӯзҳои 21-22 июн 13-умин озмуни байналмиллалии нашриётҳои китоб миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Озмуни китобҳои беҳтарин аз рӯи 10 бахш гузаронида шуда, ғолибон дар намоишгоҳи байналмиллалӣ, ки моҳи сентябр дар Маскав баргузор мегардад, қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳадафи асосии озмун дастгирии намояндагони нашриётҳои беҳтарини ИДМ, баланд бардоштани санъати китобнашркунӣ, рушди фазои фарҳангии ИДМ мебошад.

Дар ҷаласаи 20-уми Шӯрои байнидавлатии нашрияҳои даврӣ, чопи китоб, тақсимоти китоб ва полиграфия, ки  23 октябри соли 2015 дар Остона баргузор гардида буд,  қарор дар бораи макони ташкили ҷаласаи  Шӯрои байнидавлатӣ дар соли 2016 қабул гардид. Макони ташкил Қирғизистон интихоб шуд.

Озмуни байналмиллалии "Санъати китоб"-и кишварҳои ИДМ шурӯъ аз соли 2004 инҷониб гузаронида мешавад. Муассиси озмуни мазкур Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи нашриёти даврӣ, нашриёти китоб, тақимоти китоб ва полиграфия мебошад.

14
Барчаспҳо:
озмуни китоби беҳтарин, Нашриёти даврӣ, ИДМ, Бишкек