Коргардон Муҳиддини Музаффар: ширкат дар фестивал бароям ғолибият аст

© Сайт киностудии "Сугдсинамо"Муҳиддин Музаффар. акс аз бойгонӣ
Муҳиддин Музаффар. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргардони ҷавони тоҷик, ки филми хешро дар фестивали байналмиллаӣ дар Русия пешниҳод мекунад, нақша дорад, ки ба наздикӣ ду филми дарозмуддати дигар сабт намояд- “Тангно” ва “Вақте ки сайёра ранги худро дигар мекунад”.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ҳафтаи оянда дар шаҳри Казан 12-умин фестивали байналмиллаии кинои мусалмонон баргузор мегардад.

Барои иштирок дар ин чорабинӣ, ки аз 5 то 11 сентябр давом мекунад зиёда аз 700 аризаҳо пешниҳод карда шуда буд. Ба рӯйхати иштирокчиёни форум 66 филм аз 33 кишвари ҷаҳон дохил гардид. Аз номи Тоҷикистон дар ин фестивал филми кӯтоҳмуддате, ки 25 дақиқа давом мекунад бо номи "Коса" ворид шудааст. Коргардони он Муҳиддини Музаффар буда, филм соли 2015 ба навор гирифта шудааст.

Шаҳри Қазон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Филми коргардони тоҷик номзади ҷоизаи филмҳои мусулмонӣ дар Қазон

Дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон коргардони ҷовон дар бораи филми худ ва нақшаҳои хеш нақл намуд.

Музаффар қайд кард, ки бори аввал аст, ки дар фестивали сатҳи байналмиллалӣ ширкат меварзад.

"Пеш аз ҳама мехоҳам бигӯям, ки филми "Коса"- аввалин филмест, ки аз тарафи киносятудияи "Суғдсинамо" ба навор гирифта шудааст. Студияи мазкур соли 2015 бо дастгирии ҳукумати вилояти Суғд таъсис ёфтааст. Филм дар бораи се насл нақл мекунад- падар, писар ва набера. Меҳвари асосии филмро тарбия дар бар мегирад",- қайд намуд ӯ.

© Кадр из трейлера к/ф "Пиала"Порчае аз филми "Коса"
Кадр из фильма Пиала - Sputnik Тоҷикистон
Порчае аз филми "Коса"

Вақте ки дар бораи ғолибият дар ин озмун аз ӯ пурсон шудем, гуфт, ки мақсади асосии вай на ғолиб омадан, балки ширкат варзидан дар чунин як  чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

"Чун дар ин фестивал намояндагони бисёре аз кишварҳо ширкат меварзанд, мехоҳам филми тоҷикиро барояшон пешниҳод намоям. Пасон барои худ таҷриба андарз кунам ва ин соҳаро дар Тоҷикистон пеш барам. Дар ин фестивал коргардони беҳтарин аз кишварҳои Афғонистону, Покистону Русия ва Фаронса ширкат меварзанд, агар ба ман имконият даст дод, мехоҳам онҳоро ба ватанам даъват кунам, то  шогирдони филми тоҷикӣ аз  дарси ин гуна устодони санъат баҳраманд гардида бошанд",- мегӯяд вай.

"Ман кӯшиш намудам, то як филми тоҷикона  ба навор орам, боқимонда тақдири ғолибият дар дасти ҳакамон ва бинандагон аст. Бигзор онҳо аз ин ҷиҳат ҳоким бошанд."

Ҳоло коргардон ба нақша гирифтааст, ки ду филми дигар ба навор бигирад. Рӯзҳо наздик, аз санаи 20-уми сентябр сар карда дар шаҳри Панҷакент ба навор гирифтани  филми "Тангно", ки ба қалами Сорбон тааллуқ  дорад, оғоз мегардад.

Аллакай пас аз соли нав боз як филми дарозмуддати дигар бо номи "Вақте, ки сайёра ранги худро дигар мекунад " ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0