Тоҷикистон дар Фестивали байналмиллалии "ТЭФИ-Содружество" иштирок мекунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкҶоизаи ТЭФИ. Акс аз бойгонӣ
Ҷоизаи ТЭФИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фестивали телевизионии байналмиллалии "ТЭФИ-Содружество" аз санаи 15-ум то 18-уми сентябр баргузор мегардад. Дар чорабинӣ намояндагони телевизионҳои асосии ИДМ ва хориҷа баромад мекунанд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.Дар Ереван имрӯз Фестивали телевизионии байналмиллалии  "ТЭФИ-Содружество" кушода мешавад, ки дар он Тоҷикистон низ ширкат меварзад.

Шаҳри Қазон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи фестивали кинои мусулмонон дар Қазон

Мақсади фестивал ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои телевизионӣ ва  мутахассисони ин соҳаи кишварҳои ИДМ ва хориҷа мебошад ва он то санаи 18-уми сентябр давом мекунад.

Қайд карда мешавад, ки дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Малдова, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Украина ширкат меварзанд.

Бояд ёдовар шуд, ки фестивал бори шашум баргузор мешавад. Ҳамин тавр, имсол дар фестивал 28 намоиш аз 20 ширкатҳои асосии телевизионии 10 кишвари ИДМ ва хориҷ пешниҳод карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0