Нишони ИДМ

Кумитаи иҷроияи ИДМ пойтахти нави фарҳангии Иттиҳодро номбар кард

16
Пойтахти фарҳангии ИДМ-ро барои як сол интихоб мекунанд. Дар бораи он, ки кадом шаҳр унвони пойтахти нави фарҳангиро мегирад, рӯзи ҷумъа дар Бишкек дар иҷлосияи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ эълон менамоянд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.Пойтахти тозаи давлатҳои ИДМ шаҳри Ганҷаи Озарббойҷон мешавад, хабар додаанд аз кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар ин бора рӯзи ҷумъа дар иҷросияи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ эълон мекунанд.

"Пойтахти фарҳангиро барои як сол интихоб мекунанд.  Пойтахти фарҳангии ҳозираи ИДМ шаҳри Дашоғузи Туркманистон мебошад. Дар ҳамон ҷо нақшаҳои чорабиниҳо тасдиқ меёбанд",-шарҳ доданд аз кумитаи иҷроияи ба РИА Новости.

Ганҷа- аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ дар Озарбойҷон шаҳри дуввум аст. Мувофиқи баъзе маълумотҳо шаҳр дар асрҳои 7 ҳамчун маркази бузурги Роҳи Абрешим пайдо шудааст.

Дар шаҳр то ҳол ҷойҳои шоёни диққати асримиёнагӣ боқӣ мондаанд. Номи ин шаҳр аз калимаи форсии "ганҷ" гирифта шудааст.

 

16
Барчаспҳо:
Эълон гаштани пойтахти фарщангии ИДМ, ИДМ, Осиё
Мавзуҳо:
Ҷаласаи ҷашнии кишварҳои ИДМ дар Бишкек (6)
Мавзуъ
Ҷаласаи ҷашнии ИДМ бе иштироки Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад