Моҳпайкар Ёрова: ҳунари ман даҳ сол зери парда нуҳуфта буд

© Фото : Из личного архива Мохпайкар ЕровойМоҳпайкар Ёрова. Акс аз бойгонӣ
Моҳпайкар Ёрова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-и Нозим Меликов тибқи асари Бозор Собир дар ҷашнвораи байналмиллалӣ ду ҷоиза ба даст овард. Моҳпайкар Ёрова- ҳунарманди саҳна ҳамчун офарандаи беҳтарин нақши занона дониста шуд ва Абдулмӯъмин Шарифӣ ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро ба даст овард

Худи Моҳпайкар дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки ба тамоми муваффақиятҳои хеш нигоҳ накарда, ҳунарманд даҳ сол аз саҳна дур  буд.  Пас аз бозгашт, актриса тавонистаст, ки дар муддати кӯтоҳ дар байни тамошобинон шинохта шавад. Сирри муваффақиятҳои худро зани ҳунарманд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ифшо кард.

"Шабе дур аз Ватан" ба устод Бозор Собир писанд омада бошад?

— Бале, ба устод хело писанд омад. Устод бо дидани ғарибиҳои хеш дар муҳоҷират, аз чашмонашон ашк ҷорӣ шуд. Мо пеш аз сафар ба Алмаато ба хонаи устод меҳмон шудем. Устод аз иштироки ин намоишнома дар ҷашнвораи байналмиллалӣ  хело  хурсанд буданд  ва бароямон дар ин сафар комёбиҳо таманно карданд. Бозор Собир гуфтанд, ки ман дар саҳнаи шумо худро дидам, ки замоне дур аз ватан ва ғариб будам.

Дар ҷашнвораи байналмиллӣ соҳиби ҷоиза шудан машкил буд?

— Бале, албатта мушкил буд,  чун ман ин нақшро бо қалбам қабул кардам ва тамоми қувваи худро барои табиӣ бозидани нақши хеш бахшидам. Нақш бароям фарзанди ман аст, ки ман онро тавлид мекунам. Барои табиӣ нишон додани як тан муҳоҷир, ман низ худро ғариб ҳис кардам, то бинанда ин эҳсосро дар худ дарк кунад.

© Фото : Министерство культуры Республики Таджикистан / Гузариш ба медиабонкМоҳпайкар Ёрова дар фестивали байналмиллалии "Қазоқистон-дили АвруОсиё"
VI Международный фестиваль «Казахстан – сердце Центральной Азии» - Sputnik Тоҷикистон
Моҳпайкар Ёрова дар фестивали байналмиллалии "Қазоқистон-дили АвруОсиё"

Ҷойи худро дар театр мебинед ё дар синамо?

— Ман ҳунарманд ҳастам ва ман иҷрокунанда ҳастам. Чун ба ман нақшеро бовар карданд,  бояд аз ӯҳдаи он баромада тавонам.  Нақши ман, чуноне ки аллакай гуфтам  фарзанди ман аст — дар куҷое набошад бароям азиз аст, хоҳ дар саҳна ва хоҳ дар филм. Бароям ҳам дар театр нақш офаридан хуш аст ва ҳам дар кино. Дар театр ту зинда ҳастӣ, дар филм бошад тамоми ҳиссиёт аз чашмонат баён мегардад.

Ба фикри Шумо ба театри имрӯзаи тоҷик чӣ намерасад?

— Пеш аз ҳама маблағ намерасад. Барои пешрафти ҳар як соҳа бояд маблағ бошад. Пас аз он ба мо муаллифони ҷавон намерасанд. Муаллифоне, ки диди нав ва замонавӣ дошта бошанд. Зеро, ҳоло асри 21 расидааст ва бояд бо мурури он қадам зад. Вақте ки мо ба давлатҳои хориҷа сафар мекунем, моро намоишномаҳои онҳо мафтун мегардонад. Мо орзу мекунем, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин гуна муаллифон пайдо гарданд ва театри тоҷикро пеш баранду замонавӣ созанд. Мо бояд мухлисонро ба худ чунон ҷалб кунем, ки барои чипта дар навбат истанд ва майли ба театр омаданро дошта бошанд.

Имрӯз, албатта дар даврони истиқлолият теарт нисбатан пеш рафтааст ва мардум ҳам омада истодаанд. Аммо орзуи ман он аст, ки бинанда дар толор рӯз то рӯз зиёдтар шавад.

Оё дар ягон филми хориҷӣ нақш бозидаед?

Бале, соли 1993 дар филми муштараки Тоҷикистону Русия "Четвёртая сторона треугольника", соли 2012 "Золотой запас"(Русия) ва ниҳоят соли 2014 дар филми "Турецкий транзит" дар нақши Гулнора- ҳамсари Иброҳим иштирок намудаам.

 Тоҷикистонро бошад дар саҳнаҳои  Русия, Молдова, Украина Қазоқистон муаррифӣ кардаам.

Нақшҳои офаридаи Шуморо зуд бинандагон қабул карданд ва дар байни мухлисон машҳур шудед. Сирри муваффақиятҳои худро дар чӣ мебинед?

Ростӣ ман даҳ сол аз саҳна дур будам. Тайи солҳои 1991, пас аз хатми донишгоҳ то солҳои 1999 фаъолиятамро давом медодам, аммо баъд аз он то соли  соли 2007 бо сабабҳои оилавӣ  ман саҳнаро тарк кардам. Якбора, баъди ин қадар фосила ба саҳна баргаштан бароям мушкил буд, бояд заҳмат мекашидам, аммо чун кӯшиш намудам ин мушкилиҳоро паси сар карда, ҳунари худро давом додам.

© Фото : Из личного архива Мохпайкар ЁровойМоҳпайкар Ёрова дар филми "Арӯси замонавӣ"
Таджикская актриса Мохпайкар Ёрова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Моҳпайкар Ёрова дар филми "Арӯси замонавӣ"

Дар зиндагӣ хушбахтии хешро   дар чӣ мебинад, шояд барои Моҳпайкар ҷойи аввалро саҳна гирад?

Не, бо вуҷуди он ки аз касби интихобнамудаам сад дар сад розиям, хушбахтии хешро дар оила мебинам. Оила манбаи илҳоми ман аст. Аммо саҳна хушбахтии маро пурра мекунад, он чизеро, ки пеши наздиконам иброз карда наметавонам, дар саҳна баён мекунам. Яъне, ман худро дар саҳна ва оила якҷо месозам, аз ин ҷост, ки дарди худро дар саҳна иброз мекунам.

Киро дар ҷодаи ҳунар рақиби хеш мешуморед ва умуман, оё дар театр низ рақобат ҳаст?

Не, афсус ки нест. Ҳунармандоне, ки синну солашон бо ман баробар мебошанд, дар театр хело каманд. Шояд барои ҳамин бошад, ки рақобат нест. Агар мешуд хуб мешуд.

Аз нақшҳои офаридаатон бароятон бештар кадомаш писанд аст?

— Ман яке аз нақшҳои дӯстдоштатарини худамро дар намоишномаи Чингиз Айтматов мебинам, ки он нақши модар мебошад: дарди модаре, ки фарзанди худро мекобад, пазмони фарзандаш аст, аммо ҳангоми дарёфт намудан, фарзандаш аз ҷурми ҷоҳилӣ ва нашинохтани модари хеш, ба модар тир мезанад. Бароям ин нақши бозидаам аз лиҳози ҳам маъно, ҳам ҷаззобият хело писанд омадааст.

Шумо, ки Донишгоҳи театри Маскавро хатм кардаед, оё  таклифи кор  дар Русия буд?

— Албатта, ба мо пешниҳодҳои зиёд буданд. Устодонамон ҳатто хоҳиш намуданд, ки мо дар ин ҷо монем ва таҳсил ва фаъолияти хуро давом диҳем. Аммо гурӯҳи мо махсус барои Театри ҷавонон ташкил карда шуда буд ва бояд ба театр бар мегашт. Ман  ҳоло дар Русия бисёр ҳамсабақоне дорам, ки  муваффақ шудаанд.

Аммо ман аз он афсус намехӯрам, ки дар Русия намондам. Чун манбаи пешравии худро на дар ягон кишвари алоҳида, балки дар ҳунар мебинам ва шодам, ки барои ватани хеш хидмат мекунам.

Бароятан офаридани нақши манфӣ мушкил аст ё мусбӣ?

Ҳар ду баробаранд. Бароям ягон фарқият нест. Аммо агар аз дигар ҷанба назар афканем,  бозидани нақши  мазҳакавӣ дар саҳна, аз ҳама мушкил аст. Ин жанр мураккаб аст. Зеро боз ба гурӯҳҳо ҷудо мешавад: мазҳакаи нозук ва ё сиёҳ, ки аз актёр маҳорати хосро талаб мекунад. Ва ин мақсади ояндаи ман аст. Яъне ман бисёр мехоҳам, ки дар оянда дар ин гуна намоишномаҳо нақш офарам.

Гиряҳоятон дар саҳнаҳо самимианд?

— Бале, ман наметавонам бо гиряҳои сохта бинанда ва мухлиси худро фиреб кунам, зеро имрӯз тамошобин  хело зирак шудааст ва зуд ҳаракатҳои дурӯғинро дарк мекунад, барои ҳамин- ман ҳамавақт дар ҳама нақшҳоям гиря  мекунам.

Аз нигоҳи Шумо зани тоҷики  бояд чӣ гуна бошад?

— Пеш аз ҳама зани муосир бояд мубориз бошад. Мубориз барои пешравӣ, илмомӯзӣ ва мукаммал гардониданидани хеш. Зеро, зан пеш аз ҳама модар аст ва тарбиятгари насли оянда мебошад.

Моҳпайкар дар оянда чӣ нақшаҳо дошта бошад ва чӣ орзуҳо?

— Ман пеш аз ҳама ба эҷодиёт машғул ҳастам ва барои намоишномаҳои дигар тайёрӣ дида истодаам. Мехоҳам боз ҳам ҳунари хешро пешниҳоди бинанда кунам.

Ҳамчун зан- модар пеш  аз ҳама, ба тамоми занони Тоҷикистон тинҷиву оромӣ мехоҳам.  Бигзор, ҳеҷ гоҳ ба ғами фарзандон гирифтор набошанд ва хушбахт бошанд. Дар ҷодаи ҳунар бошад,  орзуи ман дар филми хориҷӣ нақш бозида, ҳудуди ҳунари хешро васеътар намудан аст.

Лентаи хабарҳо
0