Пирӯзии “Робенгуд” дар мусобиқаи аспдавонии вилояти Суғд

© SputnikБозиҳои Наврӯзӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бозиҳои Наврӯзӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи аспдавонӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз дар аспрес ё майдони аспдавонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, аспе "Робенгуд" ном пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми ҳукумати вилояти Суғд, маросими оғози мусобиқаи аспдавонӣ бо ширкати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд. Муовини раиси вилоят Ориф Хоҷазода дар ин маросим Наврӯзро ба ширкаткунандагону тамошобинон табрик гуфт.

Вай ёдоварӣ кард, ки дар ин вилоят 19 сол боз ҳар сол ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ мусобиқаҳои аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешаванд.

Мусобиқаи вилоятии аспдавонӣ дар 9 давр сурат гирифта дар он беш аз 70 аспсавор ширкат карданд. Дар даври ниҳоӣ аспе "Робенгуд" ном масофаи муқарраршударо пештар аз дигарҳо тай кард.

© Фото : Аз торномаи расмии ҳокимияти вилояти СуғдМусобиқаи аспдавонӣ дар вилояти Суғд
Мусобиқаи аспдавонӣ дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Мусобиқаи аспдавонӣ дар вилояти Суғд
© Фото : Аз торномаи расмии ҳокимияти вилояти СуғдТамошобинон дар муобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Тамошобинон дар муобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Тамошобинон дар муобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
© Фото : Аз торномаи расмии ҳокимияти вилояти СуғдЧавгонбозӣ дар вилояти Суғд
Чавгонбозӣ дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Чавгонбозӣ дар вилояти Суғд
© Фото : Аз торномаи расмии ҳокимияти вилояти СуғдМусобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Мусобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Мусобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
1/4
Мусобиқаи аспдавонӣ дар вилояти Суғд
2/4
Тамошобинон дар муобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
3/4
Чавгонбозӣ дар вилояти Суғд
4/4
Мусобиқаи аспдавонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Барандагони ин мусобиқаи вилоятӣ ҳадяҳои ёдгорӣ ва барандаи ҷои аввал 3 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин мусобиқоти чавгон ва бузкашӣ низ баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0