Тобистон бо мусиқӣ: овозхонони Файзобод дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд

© Фото : Официальная страница президента РТ в FacebookКонцерт в Хатлонской области
Концерт в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, ҳунармандони ноҳияи Файзобод барои сокинони пойтахт барномаи ҳунарӣ намоиш медиҳанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанг, рӯзи 9 июл соати 16:00 дар Боғи "Дӯстӣ", "Рӯдакӣ", "Парчами давлатӣ" ва "Ирам" барномаҳои ҳунарӣ баргузор мешавад.

Имрӯз, барои бошандагони шаҳри Душанбе, ҳунарпешаҳои ноҳияи Файзобод, овозхонони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию ҳунарашонро намоиш хоҳанд дод.

Ҳамчунин дар ин барнома, ҳаваскорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Манбаъ меафзояд, ки барномаҳои консертӣ ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0