Консерт бахшида ба 75-солагии Малика Собирова

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Русия баргузор мешавад

28
(Таҷдидшуда 14:32 15.09.2017)
Русия Рӯзҳои фарҳангиашро дар Тоҷикистон аз 23-ум то 27-уми сентябр баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Русия баргузор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин маросим дар Душанбе аз 23-ум то 27-уми сентябр сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ ба Тоҷикистон ҳайати эҷодии Ансамбли давлатии академии рақсии "Алан" ва гурӯҳи созии "Триои Консерваторияи Москва" меоянд.

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 сентябри соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣдар назар аст.

Барномаи консертӣдар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон,  намоишгоҳи "Русский север" дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи славянии тоҷику рус аз ҷумлаи маросимҳоянд, ки дар доираи Рӯзҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Ширкаткунандагони Рӯзҳои фарҳангӣ  ба шаҳри Норак низ сафар карда, ба халқи фарҳангдӯсти он барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод менамоянд.

Боиси зикр аст, ки Ансамбли давлатии академии рақсии "Алан"-и Осетияи шимолӣ- Алания дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон санъати хореографии Осетияро муаррифӣкардааст.

Ансамл дорандаи медали "Дӯстии халқҳо", медали тиллоии Фестивали байналмилалии панҷқитъа дар Фаронса, барандаи ҷоизаи "Золотой Аполлон", барандаи ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Россия ва ғолиби озмунҳои байналхалқӣва умумироссиягӣмебошад.

Гурӯҳи созии овозадори "Триои Консерваторияи Москва" аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир Красотина Ирина Викторовна, Румянтсев Евгений Валеревич ва Агеев Николай Лвович иборат аст. Гурӯҳи мазкур низ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши моҳир ва нотакрори худ мутаассир кардааст.

28
Барчаспҳо:
рӯзҳои фарҳангӣ, Русия, Тоҷикистон