ЮНЕСКО

Амрико аз ЮНЕСКО хориҷ мешавад

37
(Таҷдидшуда 20:32 12.10.2017)
Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хуруҷи ин кишвар аз Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиятии Милали Муттаҳидро эълом кард

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз ЮНЕСКО хориҷ мешавад ва ин иқдом аз 31 декабри соли 2017 иҷроӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки Амрико дар эътироз ба мавозеъи мухолифатомези ЮНЕСКО бо Исроил аз ин созмон хориҷ мешавад.

Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико, тасмим гирифта, ки Вашингтон танҳо нақши нозирро дар ин созмон дошта бошад.

Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова аз ин тасмимгирии Амрико афсус хӯрд ва ихроҷи Иёлоти Муттаҳидаро "бохте барои ЮНЕСКО, бохте барои хонаводаи Милали Муттаҳид, бохте барои мултилатерализм" хонд.

Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков низ ин қазияро "хабари нохуш" донист.

Аммо Элеонора Митрофанова, сафири вижаи Вазорати умури хориҷии Русия, намояндаи пешини Русия дар ЮНЕСКО, дар вокуниш ба ин иқдом гуфт, ки "бо хуруҷи Амрико аз ЮНЕСКО чизе аз ин созмон кам намешавад, зеро аз узвияти ин кишвар суде ба даст намеоварад".

Ёдоварӣ мекунем, ки Амрико дар замони раёсати Роналд Рейган дар соли 1984 низ аз ЮНЕСКО хориҷ шуда буд, вале дар соли 2003 дубора ба он пайваст.

Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиятии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 16 ноябри соли 1945 бунёд шуда ва қароргоҳаш дар Порис ҷой дорад.

37
Барчаспҳо:
хуруҷи Амрико аз ЮНЕСКО, ЮНЕСКО, Созмони милал - Амрико - ЮНЕСКО
Мавзуъ
ЮНЕСКО: забонҳои яғнобӣ ва помирӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд
Чакан, чавгон ва атлас: меросҳои фарҳангии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО мераванд
“Шоҳи ғизоҳо” ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуд
Нон ва Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд
ЮНЕСКО таъсири иқлим ба пиряхҳои Помирро пажӯҳиш мекунад
Бузургдошти “1150-солагии Закариёи Розӣ” бо ҳимояти ЮНЕСКО