Оғози ороиши арчаи солинавӣ дар Душанбе

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкНовогодняя ёлка, архивное фото
Новогодняя ёлка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе аллакай ороиши арчаи солинавӣ оғоз шуд. Имсол қади арча 25 метр буда, қутри он 12,5 метр мебошад

ДУШАНБЕ, 6 дек— Sputnik. Дар майдони Дӯстии Душанбе имсол арчаи чароғонро насб мекунанд.

Мақомоти шаҳр аллакай ба ороиши арчаи солинавӣ оғоз кард. Имсол баландии арча 25 метр буда, қутри он 12,5 метр мебошад.

Арчаи солинавӣ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли нав ё Наврӯз: Чаро Соли нав шукӯҳашро дар Тоҷикистон аз даст медиҳад

Ба гуфти мудири идораи давлатии рекламаи берунӣ Нурҷон Исмоилов, арча ба пуррагӣ то 10-уми декабр оро дода хоҳад шуд.

Ин арча аз ҳисоби маблағи соҳибкорони маҳаллӣ ва шаҳрдори Душанбе насб мешавад.

Соли гузашта, базмгоҳи асосии таҷлили Соли нави мелодии 2018 дар шаҳри Душанбе майдони "Дӯстӣ" —и пойтахт буд.

Шоми 31-декабр ситораҳои эстрадаи тоҷик дар назди мухлисон худ ҳунарнамоӣ карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0