Оружие

Кашфи махфигоҳи силоҳ дар манзили роҳбари тундравони Истаравшан

5
(Таҷдидшуда 20:06 11.02.2016)
ВКД – и Тоҷикистон дар бораи боздошти роҳбари созмони тундравон дар шимоли кишвар гузориш дода, мегӯяд аз манзили ӯ ду таппонча кашфу мусодира гардид.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Қаблан, аз манзили Наҷмиддин Шамсиев силоҳу муҳимоти ҷангӣ дарёфт гардида буд. Сомонаи расмии ВКД менависад, Шамсиев ба ном "амир"-и созмони ҷиноӣ-ифротии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар Истаравшану Конибодом  маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 9 ноябр ҳангоми таҳқиқи хонаи истиқоматии Наҷмиддин Шамсиев, ки қаблан дастгир шуда буд ва аз ӯ 1 адад туфангчаи тамғаи "Байкал-442", бе соли барориш, 2 адад тирдон бо 24 дона тир, 1 адад туфангчаи тамғаи "Макаров", бе соли барориш, 2 адад тирдон бо 61 дона тир, 1 адад садохомӯшкунак (глушитель) дарёфт ва мусодира карда шуд.

"Ҷамоати Ансоруллоҳ" як созмони тундрави мазҳабист, ки фаъолияти он дар моҳи майи соли 2012 табу эълон гардид. Ин созмон ифротӣ ва тахрибкор унвон шуда, дастрасӣ ба сомонаи он масдуд гардид.
Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ҷиноҳи (ячейкаи) "Ал-қоида" буда, дар ҳамлаи маргталабонаи соли 2010 ба РВКД-и вилояти Суғд даст дорад. Бар асари инфиҷорҳо дар он вақт 2 кас ҳалок ва беш аз 25 нафар ҷароҳат бардоштанд.

5