Фасоди молӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкДоллар. Акс аз бойгонӣ
Доллар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони хориҷӣ нишондиҳандаи шаффофияти қонуни мубориза бо фасоди Тоҷикистонро дар 11 нуқта баҳогузорӣ карданд ва чунин натиҷаи паст ба даст омадааст.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Мутахассисони TRACE International, ассотсатсияи байналмиллалии зиддифасод ва  Rand Corporation, маркази таҳлилии амрикоӣ таҳқиқоти вижаеро оид ба вазъи ришвахорӣ дар кишварҳои гуногун анҷом дода, онро TRACE Matrix ба нашр расонидааст. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон миёни 197 давлати дунё дар зинаи 182-юм қарор гирифтааст.

Рейтинг ба ширкатҳое ирсол гардид, ки онҳо тасмими баромадан ба бозорҳои ҷадидро доранд. Дар асоси ин таҳқиқот онҳо хатароти рӯбарӯшавӣ бо фасод дар кишварҳои номбурдаро хоҳанд донист. Баҳогузорӣ аз рӯи чор аломат: сатҳи ҳамкорӣ бо мақомот, мавҷудияти қонуни мубориза бо фасоди молӣ ва корбурди он дар амал, шаффофияти хидмати давлатию имконияти назорати ҷамъиятӣ сурат гирифтааст.

Тоҷикистон аз рӯи шохиси фасодзадагӣ бо касби 79 имтиёз баробар бо Алҷазоир, Конго ва Мавритания дар як мақом қарор гирифтааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон бо 115 нишондиҳанда, Қазоқистон 141 имтиёз, Қирғизистон 161 ва Ӯзбакистон бо 194 нишондиҳанда дар охири ҷадвали мазкур ҷо гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0