Марш сторонников М.Мурси к президентскому дворцу в Каире. Архивное фото

Додситонии Миср ҳукми қатли Муҳаммад Мурсиро талаб дорад

1
(Таҷдидшуда 09:50 21.11.2014)
Собиқ президентро дар ҳамкорӣ бо созмон ва ҳаракатҳои хориҷӣ ва ироаи маълумот ба хадамоти беруна гумонбар медонанд. Судшаванда иттиҳомотро бепоя хонда, тасмими худдифоъ дар додгоҳ мекунад.

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Додситонии Миср дар робита ба парвандаи ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои хориҷа алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, роҳбари собиқи ин кишвар иҷрои ҳукми қатлро талаб дорад, менависад РИА Новости.

"Мурсӣ ва ҷонибдорони ӯ, замони раёсаташ дар мақоми президент ба хадамоти ҷосусии хориҷа, аз ҷумла Эрон санадҳои муҳими сирри давлатӣ доштаро додааст",-гуфт Аммод Ашровӣ (Emad el-Sharawy), додситони Миср. Номбурда афзуд, ба ғайр аз ин айбдоршаванда бо гурӯҳҳои ифротгаро ҳамкорӣ карда, дар ноором кардани авзоъи Миср даст дорад.

Дар баробари собиқ президент, инчунин 35 узви Ҳаракати "Бародарони мусулмон" (Ихвонулмуслимин)-ро дар ҳамкорӣ бо созмон ва ҳаракатҳои хориҷӣ айбдор медонанд.

Ба иттилои додситон, гӯё Мурсӣ аъзои ҳаракати "Бародарони мусулмон" —ро барои тамрини низомӣ дидан соли 2012 аз роҳи пиҳонӣ ба навори Ғаззаи Фаластин фиристодааст ва дар ин бора санади  имзошуда миёни онҳо ва Ҳаракати Ҳамос низ ҳаст. Ашровӣ афзуд, айбдоршаванда ин афродро барои халалдор кардани амну суботи Миср дар сурати мағлуб шуданаш дар интихобот омода кардааст.  
Додгоҳи олии Миср мурофиаи навбатиро, ки дар он вакилони мудофеи Мурсӣ сухани худро мегӯянд, то 26 ноябри соли равон ба таъхир гузоштааст.
Ҳаракати "Ҷамъияти бародарони мусулмон", маъруф ба "Бародарони мусулмон" соли 1928 дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфта, бунёдгузораш Ҳасани Бано (Hassan al-Banna), мударриси ислом ва рӯҳонии шинохта маҳсуб мегардад.

Тайи муддати тӯлонӣ фаъолияти ин ҳаракат дар қаламрави Миср ва як қатор кишварҳо мамнӯъ эълон шуда буд. Соли 2011, пас аз сарнагунии низоми худкомаи Ҳусни Муборак ҷунбиши "Бародарони мусулмон" иҷозаи расмии фаъолияти сиёсиро пайдо кард. Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаст, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шуд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканории Мурсӣ, ӯро боздошт ва алайҳаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ карданд.

1
Барчаспҳо:
Муборак, Бародарони мусулмон, эъдом, Миср, Мурсӣ