Ситуация в городе Ош

Боздошти гумонбарон дар қатли бародарон Каримовҳо

11
(Таҷдидшуда 09:32 27.11.2014)
“Дархост”-и куштани ду бародар аз ҷониби як қочоқчии дигар, ки гӯё маблағи 110 килограмм героинро аз онҳо дарёфт накардааст, сурат гирифтааст. Ӯ барои анҷоми ин кор ду нафари қаблан доғи судӣ доштаро ҷалб кардааст.

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бо иттиҳоми ба қатл расонидани бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, ки ҷасади онҳо рӯзи 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо гардид, 3 гумонбар боздошт шудааст. Дар ин бора ОИ Авеста дар такя ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар медиҳад.

Оид ба нопадид шудани бародарон Меҳроб Каримов, сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти интизомӣ муроҷиат карда буд. Ӯ гуфт, бародаронаш рӯзи 6 ноябр аз хона савори мошинҳои нави тамғаи "Тойота-Кемри" ва "Ренҷ-Роверс"  баромада, дигар барнагаштанд.

Кормандони гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ВКД субҳи 18 ноябр ҷасади беҷони ҳар ду бародарро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар ҳудуди ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо карданд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар як амалиёти муштараки КДАМ ва ВКД бо иттиҳоми қатли бародарон Каримовҳо се нафар боздошт гардидааст, ки яке аз онҳо муллаққаб ба "Ҳоҷӣ Самандар" мебошад, ки ин ҷиноятро ташкил кардаааст. 

Шоми гузашта, 24-уми ноябр дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон наворе аз ҷониби маркази робита бо ҷомеаи КДАМ паҳн гардид. Дар гузориш қайд шуд,  ки ҳамроҳ бо Абдулазиз Усмонови 53-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, маъруф бо тахаллуси  "Ҳоҷӣ Самандар", ки қаблан ду маротиба суд шудааст, боз 2 тани дигар боздошт гардидаанд.

"Ҳоҷӣ Самандар" дар ин сӯҳбати видеоӣ мегӯяд, ки куштори Каримовҳо барои маводи мухаддир сурат гирифтааст. 

Ба гуфтаи "Ҳоҷи Самандар" ӯ ба бародарон Каримовҳо 100 кг маводи мухаддир фиристонидааст, аммо онҳо маблағи ин борро ба ӯ пардохт накарданд. 

"Ман бояд онҳоро ба қатл мерасонидам, зеро онҳо қасд доштанд маро ба қатл расонанд. Ду "киллер" аз ноҳияи Ҳисор бо фармоиши ман онҳоро ба қатл расониданд" — мегӯяд "Ҳоҷӣ Самандар". Яке аз қотилони ду бародар пештар бо иттиҳоми даст доштан дар куштор 15 соли зиндон ҳукм гирифта будааст. Шахси дуввум низ дар қаламрави Русия чандин ҷиноят содир карда, дар ҷустуҷӯи мақомоти он кишвар қарор доштааст.

Гумонбарони ҳодиса ҳамроҳ бо "Ҳоҷӣ Саманадар" бародаронро ба тарафи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, ба сари онҳо халтаи полиэтиленӣ кашида, дар ҷои бе одам ба қатл расонидаанд. Ҷасади онҳоро дар макони ҳодиса зери хок кардаанд.

Ҷинояткорон аснои иртиботи телефонӣ аз симкортҳое истифода мебурданд, ки ба номи шахсони номаълум сабт шудаанд ва дар ҳар қадам фурӯхта мешаванд.

11
Барчаспҳо:
гумонбарон, КДАМ, Ҳоҷӣ Самандар, Рӯдакӣ, Эсанбой, Меҳроб, Каримовҳо, бародарон