Владимир Путин. Архивное фото.

Путин мушаххас кард, ки кӣ дар моварои ИДМ бо терроризм мубориза барад

2
(Таҷдидшуда 16:01 14.05.2015)
Президенти Русия Владимир Путин мақомотеро муайян кард, ки дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбутаи он кишварҳо бо терроризм мубориза кунад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Райисҷумҳури ФР Владимир Путин акнун муайян кард, ки кадом мақомот дар моварои ИДМ бо ниҳодҳои қудратии дигар кишварҳо алайҳи терроризм мубориза барад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Ба ҳайси мақомоти муқовиматкунанда алайҳи терроризм ва даҳшатафканиву ифротгароӣ… ХФА, ВКД ва Хадамоти иктишофӣ (ҷосусӣ)-и Федератсияи Русия маҳсуб гарданд",- омадааст дар матни қарор, ки дар пойгоҳи ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

Ин мақомот дар ҳамҷоягӣ бо сохторҳои зидахли кишварҳои аъзои ИДМ алайҳи терроризм мубориза хоҳанд бурд.

Қаблан, кишварҳои аъзои СҲШ дар бораи тақвияти чораҳои амниятии муштарак дар масири мубориза бар зидди зуҳуроти тахрибкорӣ (терроризм) дар қаламрави давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба мувофиқа расида буданд. Масъалаи мубориза бо терроризм пас аз ҳаводиси маълум дар Сурия ва ошкор шудани рӯйхати афроде, ки аз ин кишварҳо (СҲШ) дар ҳайати "Давлати исломӣ" бар зидди режими Башор Асад меҷанганд, ба яке аз мавзӯҳои доғ бадал шудааст.

 

2
Барчаспҳо:
иктишофӣ, ВКД, ХФА, терроризм, СҲШ, ИДМ, Путин