Учения ОДКБ. Архивное фото

Русия тавофуқномаи СПАД-ро тасвиб кард

2
(Таҷдидшуда 08:34 03.12.2014)
Санади мазкур моҳи июни соли 2009 дар Маскав ба имзо расида, он низоми назорати пӯшидаи неруҳои қудратии СПАД-ро муайян месозад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Владимир Путин, райисҷумҳури Русия қонун дар бораи қабули тавофуқнома оид ба принсипҳои асосии бунёди сохтори роҳбарӣ ва назоратро дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба тасвиб расонд, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба манобеъи ҳуқуқӣ.

Созишнома моҳи июни соли 2009 дар Маскав имзо шуда буд ва низоми назорати системаи низомӣ ва неруҳои махсуси СПАД-ро табақабандӣ мекунад.

Низоми идора ва назорати пӯшидаи гурӯҳҳои вижаи СПАД дар минтақаи Аврупои шарқӣ дар чорчӯби давлатҳои иттифоқчӣ- Русия ва Беларус;  минтақаи Қафқоз дар асоси муоҳадаи дуҷонибаи Русия ва Арманистон; минтақаи Осиёи Марказӣ дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ин қаламрав созмон хоҳад ёфт.

Мақсад ва ҳадафи аслии ин сохтори вижа ба тарзи махсус роҳандозӣ мешавад. Бо қарори вазороти мудофиа, амният ва кумитаҳои шӯроҳои амниятии СПАД система идора ва назорат мегардад.

СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд таъсис ёфт. Аз ин рӯ, чанд сол ин ташкилот номи "Паймони Тошканд"-ро дошт. Соли 2002 ба СПАД табдили ном кард ва дар ҳоли ҳозир- Русия, Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро шомили ин созмонанд.
Озарбойҷону Гурҷистон ва Ӯзбакистон аз соли 1999 узвияти худ дар ин эътилофро боздоштаанд. Ӯзбакистон дар соли 2006, баъди сард шудани равобиташ бо Ғарб дар пайи саркӯби ошӯбҳои Андиҷон дубора дар канори СПАД омад, вале ба муҷарради беҳтар шудани равобиташ бо Ғарб, батадриҷ аз ҳамкории амалӣ бо ин созмон дурӣ ҷуст ва соли 2012 узвияташ дар СПАД-ро расман лағв кард.   

2
Барчаспҳо:
минтақаи Қафқоз, назорати пӯшида, Қазоқистон, Арманистон, СПАД, Беларус, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон