Таджикские пограничники. Фото из архива

Ҷилавгирии КДАМ-и Тоҷикистон аз ҳодисаи одамрабоӣ

9
(Таҷдидшуда 09:20 08.12.2014)
Қочоқчиёни Афғонистон як сокини наздимарзии ҷумҳуриро гаравгон гирифта, мехостанд ӯро ба он сӯи руди Панҷ баранд, аммо кормандони КДАМ-и Тоҷикистон ба ин монеъ шуданд.

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар мавзеи Сурхиалами ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод барои раҳоии як гаравгони тоҷик бо қочоқбарони афғон вориди задухӯрди мусаллаҳона шудаанд, иттилоъ медиҳад "Авеста".

Ба иттилои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон қочоқбарони афғон як сокини деҳаи Саричашмаро ба гарав гирифта, ба хоки Афғонистон интиқол доданӣ будаанд, вале ба мақсадашон нарасиданд.

"Задухӯрд соати 21:30 дақиқаи 1-уми декабр дар мавзеи Сурхиалами дидбонгоҳи сарҳадии Баҳорак баъди оташ кушодани қочоқчиён сар зада, дар натиҷа, узви гурӯҳи мазкур Шукур Валади Давлаталии 25 сола, миллаташ балуҷ, зодаи ва истиқоматкунандаи Қарияи Камарбалуҷи вилояти Таҳори Афғонистон безарар гардонида шуд"-афзуд манбаъ.

Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, дар пайи ин задухурд Нодир Валади Ҷумъахон, саркардаи қочоқчиён ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, вале ба ӯ ва дигар ҳаммаслаконаш муяссар гардид, ки ба қаламрави Афғонистон паноҳ баранд.

Сарчашмаи хабар таъкид кард, тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки аъзои ин гурӯҳ дар як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор, гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд.  Аз маҳалли ин амалиёт як туфангчаи олмонӣ бо як тирдону 8 дона тир, телефон бо ду симкорти ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, 3 борхалта бо ҳаҷми беш аз 11 килограм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Нисбати ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

9
Барчаспҳо:
марз, қочоқчиён, Саричашма, КДАМ, Афғонистон, Тоҷикистон