АНМН аз Русия кӯмак гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевМаросими эҳдои нақлиёт
Маросими эҳдои нақлиёт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин кӯмак дар чорчӯбаи иҷроиши Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ ва Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Федератсияи Русия имрӯз кӯмаки навбатии молиявӣ ва фанниашро ба Агентии НМН- и Тоҷикистон пешниҳод кард, менависад сомонаи ин муассиса.

Дар чорчӯбаи иҷрои Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар нисбати расонидани кӯмак ба Агентӣ маъракаи супоридани автомашинаҳо, воситаҳои техникӣ, сару либоси низомӣ ва таҷҳизот ба анҷом расид.

Инчунин, тибқи Созишнома сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ харидорӣ карда шуд, таъмир ва гузаронидани системаи гармидиҳии бинои маъмурии Агентӣ ба охир расид.

Дар маросим расмии расонидани ин кӯмакҳо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ширкат дошт. Директори Агентӣ ҷаноби сафир ва намояндаи расмии Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари Русияро барои дастгирии техникӣ сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории дуҷониба байни ду идора дар соҳаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.

Қайд гардид, ки натиҷаи мусбати дастгирӣ ин аст, ки дар соли 2014 миқдори маводи нашъаовар, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардид, 18,5 афзоиш ёфт, миқдори парвандаҳои ҷиноӣ, ки ба суд равон гардид, 15,5 зиёд шуд, шумораи шахсони дастгир гардида ба 21,3% шахсони ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида 15,5% зиёд гардид.

Лентаи хабарҳо
0