Корманди КДАМ “Беҳтарин масъули фаврӣ” дар Тоҷикистон эълом шуд

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин корманди оперативӣ”, ки бо ҳузури тамоми намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ баргузор гардид, бо ғолибияти афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анҷом ёфт.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.  Лейтенанти хурд Алиев Ҳусниддин Шералиевич —корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷои якум ва бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии 4000 (чор ҳазор) сомонӣ қадрдонӣ шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии ВКД ҶТ.

"Дар даври финалии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» 17 нафар корманди оперативии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Гвардияи миллӣ ва Хадамоти гумрук иштирок карда, ба суолҳо доир ва ба фаъолияти оперативӣ ва қонунгузорӣ посух гуфтанд",- меафзояд манбаъ.

Ҳамин тавр, лейтенанти хурд Алиев Ҳусниддин Шералиевич —корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷои якум ва бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии 4000 (чор ҳазор) сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Полковники адлия Йигитов Рустамбой Тошевич —корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва маблағи пулии 3000 (се ҳазор) сомонӣ гаштааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ ҷойи сеюм насиби лейтенанти калони адлия Аламов Манучеҳр Аюбҷонович — корманди Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст, ки бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0