Киев. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: вакили собиқи Рада Калашников дар Киев кушта шуд

1
(Таҷдидшуда 12:24 16.04.2015)
Ҳамтои раиси ҷумҳури собиқи Украина Януковичро дар манзилаш дар пойтахти кишвар мурда дарёфт карданд ва маргаш дар пайи тири силоҳ рух додааст. Таҳқиқот бояд мушшахас созад, ки ин амр қатл ва ё худкушӣ буд.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Вакили собиқи порлумони Украина аз гурӯҳи "Ҳизби манотиқ" Олег Калашниковро рӯзи чаҳоршанбе дар Киев бо тир куштаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба MigNews.

"Дар Киев дар маҳалли зист ҷасади шаҳрванд Олег Иванович Калашников пайдо шудааст. Тири силоҳ сабаби маргаш шудааст", — иқтибос овардааст расона аз хабари маркази матбуъотии ВКД Украина.

Ба иттилои ин пойгоҳ, хабари марги ин вакили собиқи порлумонро мушовири раҳбари ВКД кишвар Антон Гераҳенко ва ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири умури изтирорӣ Зоран Шкиряк таъйид карданд.

Силсилаи маргҳои машкуки мақомоти Ҳизби манотиқ аз авоили соли ҷорӣ то ҳол вокунишеро надорад. Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи феврал вакили собиқи ин ҳизб дар порлумон Михаил Чечетов баъд аз он ки ӯро дар фасоди идорӣ гумонбар карданд, худкушӣ кард.

Дар моҳи март ҳамтои вай дар ин ҳизб, раҳбари собиқи Запороже Александр Пеклушенко низ бо истифода аз силоҳ кушта шуд. Он замон дар ВКД Украина изҳор дошта буданд, ки эҳтимолан Пеклушенко ба хотири гурез аз муҷозот барои пароканда сохтани "евромайдон" даст ба худкушӣ задааст.

Бадномсозии аъзои "Ҳизби манотиқ" аз сӯйи ниҳодҳои интизомии Украина давоми вақти тӯлонӣ идома дорад. Онҳоро пайваста барои бозпурсӣ даъват карда дар ин ё он ҷиноят муттаҳам мекунанд. Дар натиҷа, бештаре аз аъзои собиқи ин ҳизб ба фишорҳои равонӣ тоқат накарда даст ба худкушӣ мезананд.

1
Барчаспҳо:
қатли вакили собиқи Рада, Радаи Украина, Олег Калашников, Виктор Янукович, Украина
Мавзуъ
Дар Украина алайҳи Янукович парвандаи ҷиноӣ боз шуд