Фаввораҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Роҳбарони сохторҳои зиддимухаддаротии 10 кишвар ба Душанбе омаданд

0
Барои ширкат дар ҷаласаи шӯрои Ҳамоҳангсозони мақомоти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД масъулини идораҳои зирабти Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия омаданд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ин ҳафта дар Душанбе баргузории чор ҳамойиши бузурги марбут ба ҳаллу фасли мушкилоти маводи мухаддира ва ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии он дар назар аст, иброз дошт Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Агентии назорат аз болои маводи нашъадор.

Рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои Ҳамоҳангсозони мақомоти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД оғоз гардид. Дар кори он раҳбарони сохторҳои зирабти Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон ширкат доранд.

Ҳамзамон, баъд аз зӯҳри имрӯз нишасти роҳбарони мақомоти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи "Ташаббуси АҚТ" шомил мебошанд, доир мегардад.

Ба ғайр аз ин, мулоқоти 400 донишҷӯи тоҷик бо масъулини сохторҳои зиддимухаддиротӣ дар назар аст.

Бар пояи омори расмӣ, СПАД муддати даҳ соли ахир беш аз 22 амалиёти муштаракро дар марзҳои кишварҳои узви ин созмон доир карда ва беш аз 10 тонна маводи мухаддири қочоқиро кашфу мусоидар намудааст.

0
Барчаспҳо:
маҷлиси роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротӣ, ҷаласаи пулисҳо, шӯрои Ҳамоҳангсозони мақомоти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД, СПАД, Хушнуд Раҳматуллоев, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Душанбе, Русия, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар АНМН “Масири ҳероин” баррасӣ шуд
АНМН аз Русия кӯмак гирифт
Боздошти қочоқчиёни нашъа аз ҷониби кормандони АНМН