Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Яке аз раҳбарони ДИ талош кард бо либоси занона фирор кунад

6
(Таҷдидшуда 10:17 16.07.2015)
Табаъайи ливиягӣ Абу Обейда ал-Маруӣ, ки яке аз фармондеҳони “Давлати исломӣ” аст дар минтақаи Ал-Балуван бо либоси занона боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Яке аз раҳбарони "ДИ" дар вилояти Анбар рӯзи чаҳоршанбе аз сӯйи маъмурони амниятии Ироқ зимни талоши фирор аз шаҳр бо либоси занона боздошт шуд, омадааст дар хабари Маркази иттилоъоти низомии Ироқ, менависад Islamnews.

Ал-Маруии боздоштшуда, ки муовини раҳбари пулиси исломии "ДИ" дар шаҳри Эл-Фалуҷа мебошад, ба танҳоӣ талош дошт дар миёни сокинони ин шаҳр, ки аз сӯйи низомиён ба муҳосира гирифта шудааст, фирор кунад.

Вай либосе ба бар карда буд, ки хоси бонувони рустоии ин минтақаи вилояти Анбар аст.

14 июл гузориш шуда буд, ки дар пайи ҳамалоти ҳавоӣ дар шимолу шарқи Сурия ду нафар аз раҳбарони аршади гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" маҳв карда шуданд. То ҳол рӯшан нест, ки онҳо дар пайи зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии Сурия ва ё эътилофи байналмиллалӣ кушта шудаанд.

6
Барчаспҳо:
ҷанг, ҷанг дар Сурия, боздошти яке аз раҳбарони "ДИ" зимни фирор бо либоси занона, "ДИ", Абу Обейда ал-Маруӣ, Сурия
Мавзуъ
Ӯзбекистон ҷомеъаро барои муқобала бо ақоиди “ДИ” ҷалб сохт
Шогирдони мадорис аз Тоҷикистон ба суфуфи “ДИ” мепайванданд
Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд
Дар Сурия яке аз раҳбарони “ДИ” кушта шуд
Ҷангҷӯёни қафқозӣ садоқати худ ба раҳбари “ДИ”-ро эълом карданд
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст