Ҳавопаймои ВҲФ Русия. Акс аз бойгонӣ

ВҲФ Русия 118 шаҳрванди хориҷиро аз Яман берун овард

3
(Таҷдидшуда 12:18 16.07.2015)
Ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба Яман ёрии башардӯстона интиқол дода, дар роҳи бозгашт хориҷиёнеро, ки аз ин кишҳари ҷангзада берун рафтан мехостанд, интиқол доданд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ду ҳавопаймои ВҲФ Русия аз Яман 118 нафарро, ки аксаран шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд, интиқол дод, миёни онҳо табааи Русия низ ҳаст, менависад сомонаи вазорати мазкур.

"Ду хатсайри махсус аз Яман 118 нафарро бо шумули 17 кӯдак мунтақил карданд",- меафзояд манбаъ.

Ба ғайр аз шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон тариқи ҳавопаймоҳои вазорати ҳолати фавқулодда шаҳрвандони Ӯзбакистон, Малдова, Эфиопия, Украина, Яман ва Озарбойҷон низ аз он ҷо берун оварда шуданд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои боркаши ВҲФ Русия ба шаҳри Санъо, пойтахти Яман ёрии башардӯстона, асосан маҳсулоти ғизовориро дар ҳаҷми 46 тонна интиқол доданд.

 

3
Барчаспҳо:
ҷанг дар Яман, интиқол ёфтани шаҳрвандони хориҷӣ аз Яман, берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман, вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ФР, Русия, Санъо, Яман