Пахши ахбор бо наворҳои озмоиши ҳастаии Корея дар Сеул. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон иқдоми Кореяро таҳдид ба амнияти байналмиллалӣ хонд

30
(Таҷдидшуда 11:31 15.09.2016)
Мақомоти Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа озмоши бомувафақққияти силоҳи ҳастаиро тасдиқ кард ва иҳзор дошт, ки омодаанд бо атом мушакҳои баллистикиро муҷаҳҳаз гардонад.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нисбати санҷиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ, ки 9 сентябри соли равон эълон шуд, изҳори нигаронӣ кардааст.

"Мо дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ 9 сентябри соли 2016  дар Кореяи Шимолӣ ҳамақида ҳастем. Ингуна иқдомҳои Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд",-изҳор дошт рӯзи чоршанбе намояндаи расмии ВУХ-и Тоҷикистон Вафо Ниятбеков.

Ба қавли ӯ "дар ин замина Тоҷикистон аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ва инчунин изҳороти Шӯрои амнияти СММ ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA), ки Кореяи Шимолиро барои иҷрои ҳатмии қатъномаҳои дахлдори ША СММ даъват намудаанд, ҷонибдорӣ мекунад".

Рӯзи ҷумъа Кореяи Шимолӣ дар бораи озмоиши бомуваффақияти силоҳи ҳастаӣ эълон дошта ҳамчунин илова кард, ки омодаанд бо атом мушакҳои баллистикиро муҷаҳҳаз гардонад.  Мувофиқи маълумоти низомиёни Кореяи Ҷанубӣ қувваи таҷҳизоти тарканда 10 килотоннаро ташкил дода, тақрибан ду маротиба аз таркиши моҳи январ, ки қуввааш 6 килотонна буд зиёдтар аст. Дар баробари ин коршиносони Кореяи Ҷанубӣ қайд менамоянд, ки дар сурати тасдиқ шудан метавонанд дар таърихи Корея бузургтарин бошанд.

30