Рамазон Раҳимзода хостори баланд бардоштани мақоми зан шуд

© Фото : МВД РТМинистр обороны Таджикистана на встрече с курсантами
Министр обороны Таджикистана на встрече с курсантами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳангоми ошноӣ бо раванди таъмир дар Раёсати корҳои дохилӣ гуфт, ки мақоми зан бояд баланд бардошта шавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik.  Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, сипаҳбад Раҳимзода бо афсарон ва кормандони РКД дидор карда, фаро расидани 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ба онҳо табрик гуфт.

Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки кормандони милиса бояд беш аз пеш дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошанд.

"Сипаҳбад Раҳимзода дар бораи ҷалби нерӯи ҷавонон ба пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, ҷалби аҳолӣ ба ҳалли мушкилоти ҷомеа, баланд бардоштани нақши зан сухан гуфт ва ба масъулин вазифаҳои мушаххас дод", — омадааст дар иттилоъия.

Гулмурод Ҳалимов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД Тоҷикистон хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро пайгирӣ мекунад

Кормандони милиса гуфтанд, ки барои Ватан софдилона хизмат мекунанд.

Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои таъмиру таҷдиди раёсат ва гирду атрофи он дидан намуда, аз сифат ва натиҷаи корҳо қаноатмандӣ изҳор кард.

Ин сохтмон бо дастгирии ҳукумати шаҳр, роҳбарияти Вазорат ва корёриву саҳмгузории кормандон комилан таъмир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0