Толибон: ҳаргиз бо ДОИШ ҳамсӯ намешавем

© AP / Mirwais Khan / Гузариш ба медиабонкБоевики террористической организации "Талибан", архивное фото
Боевики террористической организации Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи ҷунбиши "Толибон" созмони теруристии "Давлати исломӣ"-ро "гурӯҳи такфирӣ" хонду гуфт ҳаргиз бо ДОИШ ҳамсӯ намешавем

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки ҷунбиши "Толибон" ба ҳеч рӯй бо ДОИШ созгор намеояд ва иҷоза намедиҳад, ки он дар Афғонистон фаъолият дошта бошад.

Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ

Сухангӯи "Толибон" инро дар посух ба фармондеҳи нерӯҳои интизомии вилояти Кандаҳор Абдулраззоқ гуфта, ки дирӯз эълом карда буд, Толибон дигар бо ДОИШ намеҷангад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин гуфтаро такзиб карда ва афзуда: "ДОИШ гурӯҳи такфирӣ аст, ки бадбахтии бисёре бар сари кишвар оварда. Мо инҳоро на дар кишвар мегузорем фаъолият кунанд ва на бо онҳо ҳамсӯ мешавем".

"Рӯйкарди Аморати исломии Афғонистон (номе, ки Толибон бар ҳукумати худ гузоштаанд — тавзеҳ аз Sputnik) ба ДОИШ ин аст, ки дар ҳеч ҷое аз кишвар ба онҳо иҷозаи фаъолият надиҳад ва агар фаъолияти онҳо дида шавад, бо қотеъият бо онҳо бархӯрд карда мешавад", — таъкид кард сухангӯи Толибон.  

Лентаи хабарҳо
0