Встреча президента Таджикистан Эмомали Рахмона с министрами обороны стран СНГ

Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд дидор кард

96
(Таҷдидшуда 11:32 12.10.2017)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе бо вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидор кард, ки дар Ҷаласаи Шурои вазирони дифоъ ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтри иттилоърасонии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кори 25-солаи Шурои вазирони дифоъ, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории низомӣ равона гардидааст, қаноатмандӣ изҳор намуда таъкид кард, ки дар ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андӯхта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррасе анҷом дода шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва амниятиву дифоъӣ дар чорчӯби иҷрои Роҳкори ҳамкориҳои низомӣ-фании кишварҳои ҳамсуд барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти марзӣ махсус таъкид гардид.

Ҳамзамон дар ин мулоқот бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бо теруризму ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 ба Тоҷикистон вогузор шуда ва дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шурои Сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочӣ қарор қабул карда шуд.

96
Барчаспҳо:
Шурои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд, ҳамкориҳои инзомӣ-фаннӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-ИДМ
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ-ро тавзеҳ дод
Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин: аз ҳамдардӣ то миннатдорӣ
Сухангӯи Путин: Маскав сафари Раҳмон ба Сочиро бисёр арҷ мегузорад
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидору гуфтугӯ доранд