Американский F-15E сбрасывает бомбу на полигоне в штате Юта. Архивное фото

ВАО: пешвои "Давлати исломӣ" мумкин аст ҷароҳат бардошта бошад

9
(Таҷдидшуда 15:46 17.11.2014)
Агар иттилоъ тасдиқ шавад, ин нахустин комёбии ИМА ва иттифоқчиёнаш аз рӯзи аввали бомборони мавқеъи ДИ маҳсуб мегардад.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Радиф Тоҷикистон. ВАО-и байналмилалӣ менависад, рӯзи 8- ноябр дар пайи ҳамлаи ҳавоии ИМА Абӯбакри Бағдодӣ, сарвари созмони тундрави "Давлати исломӣ" шояд ҷароҳат бардоштааст.    

  Вазорати дифоъи Ироқ тасдиқ менамояд, ки аснои амалиёти неруҳои ҳавоӣ-низомии ИМА ва муттаҳидонаш алайҳи раҳбарони "Давлати исломӣ" дар наздикии шаҳри Мосул роҳбари гурӯҳи ҷиҳодӣ ярадор шудааст, менависад сомонаи Би-би-си.  

Дар натиҷа, даҳҳо мошини зиреҳпӯш нобуд гардид. Тибқи иттилои Ситоди марказии артиши ИМА, шояд дар яке аз ин мошинҳо пешвои "Давлати исломӣ" қарор дошт.  Аммо ин мақомот тасдиқ карда наметавонанд, ки оё дақиқан дар байни афроди ҳамлашуда Абӯбакри Бағдодӣ ҳам буд ё на, иттилоъ медиҳад Дойче велле.

Баъдтар телевизиони давлатии Ироқ ва вазорати мудофиаву дохилаи ин кишвар захмдор шудани роҳбари тундгароёни исломиро эълон доштанд, аммо аз ироаи далел худдорӣ варзиданд. Пентагон ҳеч далеле дар бораи захм бардоштани Абӯбакри Бағдодӣ надорад, менависад РИА Новости.

  ИМА бо дастгирии як қатор кишварҳои ҷонибдораш, аз ҷумла давлатҳои арабӣ шурӯъ аз 23-юми сентябр ба қаламрави таҳти тасарруфи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад ва чунин амалиётро низ дар ҳарими Ироқ ба роҳ мондааст. Дар ҳамин ҳол, Амрико бе иҷозаи ҳукумати Сурия ба ин иқдом даст задааст. Вашингтон дар ин росто ба мухолифини ҳукумати Башор Асад, ки дар як вақт ҳам алайҳи ҳукумат ва ҳам бар зидди размандагони "Давлати исломӣ" меҷанганд, кӯмак мекунад.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" тобистони соли равон дар қаламрави таҳти нуфузаш дар Ироқ ва Сурия аз бунёди хилофат дарак дод. Бар асари ҳамлаҳои ин ҷангиёни ин гурӯҳ  ҳазорон сокини осоишта ба ҳалокат расида, садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд. Теъдоди зиёди аҳолӣ дар асорати "Давлати исломӣ" ба сар мебаранд.

9