Афганская женщина в парандже. Архивное фото

Як тоҷики узви "Ал-Қоида" дар Қундуз боздошт шуд - ВАО

5
(Таҷдидшуда 20:06 11.02.2016)
Муҳсинӣ, сардори пулиси Кобул мегӯяд, боздоштшуда бо ҳамроҳонаш дар либоси занон мехост ба Кобул ва ё Покистон бирасад.

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Узви шабакаи "Ал-Қоида", ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, ҳамроҳ бо се тан аз ҳамроҳони афғонаш дар вилояти Қундузи Афғонистон боздошт гардид, менависад хабаргузории афғонии Хома.

Ин мард дар оғоз худро аз вилояти Бадахшони Афғонистон муаррифӣ карда, аммо пулис ӯро шинохтааст, ки шаҳрванди хориҷист, гуфтааст Ғулом Мустафо Муҳсинӣ, фармондеҳи пулиси Кобул ба хабаргузорӣ.

Муҳсинӣ мегӯяд, шаҳрванди хориҷии боздоштшуда бо ҳамроҳонаш худро дар либоси занон дароварда, мехост ба Кобул ва ё Покистон бирасад. Боздоштшудаи хориҷӣ, ки то кунун аз вай ном бурда намешавад, эътироф кардааст, ки қаблан дар амалиётҳои низомии алайҳи неруҳои интизомии Афғонистон дар вилояти Бадахшон ширкат доштааст.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Қундуз ва вилоятҳои наздики он Тахор ва Бадахшон солҳои ахир ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст. Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки соли1996, бо ҳадафи тағйири низоми ин кишвар ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст, менависад Радиои Озодӣ.

5
Барчаспҳо:
Ал-Қоида, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сабти рекордии тавлиди кӯкнор дар Афғонистон