Россыпное золото, архивное фото

Дар Тоҷикистон як ширкати чинӣ ба истихроҷи тилло шурӯъ мекунад

25
(Таҷдидшуда 16:55 11.02.2016)
Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин тасмим дорад дар Тоҷикистон беш аз 1000 ҷои нави корӣ ба вуҷуд оварад ва дар марҳилаи аввали истеҳсоли тилло ҳудуди 6 миллион доллар ба буҷа андоз супорад.

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Радиф Тоҷикистон. Аснои мулокоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин-Луо Тао масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон баррасӣ шуд, менависад сомонаи расмии райисҷумҳур.

Барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон ширкати CNMM  тасмим дорад, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд.

"Тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз ин кон бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ин ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид",- иттилоъ медиҳад сомонаи президенти ҶТ.

CNMM  яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар ин соҳа буда, дар зиёда аз 30 минтақаи Чин ва беш аз 10 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба истихроҷи 40 намуди металҳои гаронарзиш ва нодир машғул аст.

Кор дар кони "Покруд" соли 2004 оғоз гардида буд ва тибқи хабари расмии молики аслии саҳмияҳои он, ҶДММ ШМ "Покруд"  China Nonferrous Gold Limited (CNG)  дар ин мавзеъ захираи 28,1 тонна тилло мавҷуд аст.

Кони тиллои "Покруд" дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ҷо гирифта, ҳавзаи дарёи Покруд ва шохоби чапи болоии  Сардаи Миёнаро дар бар мегирад. Ин кон соли 1972 кашф гардида буд.

 

25