Нефтянные хранилища на побережье Карского моря

ОПЕК: ҳаҷми тавлиди нафт мисли пештара боқӣ мемонад

3
(Таҷдидшуда 16:03 28.11.2014)
Танзимкунандаи ҷаҳонии қимати барқ дар ҷаласаи ахири худ дар Вена ба хулосае расид, ки то моҳи июни соли 2015 меъёри феълии истихроҷи нафтро ҳифз кунад. Бозор ба ин тасмим вокуниш нишон дода, арзиши нафтро дигарбора коҳиш дод.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт тайи шаш моҳи оянда ҳаҷми истеҳсол ва коркарди ин навъи сӯзишвориро (30 миллион баррел дар як шабонарӯз) коҳиш намедиҳад, менависад РИА Новости.

Натиҷаи нишасти вазирони кишварҳои узви ОПЕК ба коҳиш ёфтани нархи он дар бозор мусоидат кард. Пас аз эъломи қарори ҷаласа, арзиши нафти навъи Brent 4 % поён рафта, нархи як бушка (барелл)-и он ба 75 доллар баробар шуд.

"Баъди моҳҳои тӯлонии коҳишёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ шояд кишварҳои содиркунанда тавонанд нархи онро танзмим намоянд. Ба тахмини ман, арзиши як бушкаи нафт ҳадди аққал то 5 % —и дигар низ поён меравад",-гуфт Флувио Руис, таҳлилгари мексикоӣ аснои сӯҳбат бо оҷонсии РИА Новости.

Тасмими нишасти вазирони кишварҳои узви ОПЕК ба иқтисоди Русия таъсири бевосита расонид, зеро дар баробари коҳиши нархи нафт қурби рубл низ поён рафт. Арзиши доллар ва евро мутаносибан ба 48,6495 ва 60,2725 рубл баробар шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарони бозори нафт, поин омадани қиматҳо ба шарофати афзоиши содироти нафт аз Арабистони Саудӣ аст ва бештар аз ҳама Риёз аз ин муомила манфиат дорад. Агар нархи нафт бо ҳамин меъёр ва шева дар бозори ҷаҳонӣ нигоҳ дошта шавад, ҳудуди 50 дарсади таъминкунандагони ин навъи сӯзишворӣ аз бозор хориҷ мешаванд. Маҳз Арабистони Саудӣ ҳамин амалкардро интизор аст, мегӯянд коршиносон.   

 

3
Барчаспҳо:
коҳиш, иқтисод, Флувио Руис, Саудӣ, нафт, ОПЕК, сӯзишворӣ