Здание Центробанка РФ на Неглинной улице

БМ ФР: интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 5 % коҳиш ёфт

1
(Таҷдидшуда 10:03 01.12.2014)
Муҳоҷирони кории тоҷик ирсоли маблағҳои пулиро аз Русия ба хонаводаашон кам кардаанд. Коршиносон сабаби инро дар коҳиши қурби рубли русӣ бар пояи таҳримҳои Ғарб эълом доштанд.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузаштаи соли 2013 инттиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 5 дарсад кам шудааст, иттилоъ медиҳад Бонки Марказии Русия.

"Дар нимсолаи аввали соли равон маҷмӯан аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 555 миллион доллар (интиқоли хусусӣ) ирсол шудааст",- мегӯяд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, интиқоли хусусӣ маблағи 1 миллиарду 628 миллионро дар бар мегирифт. Дар маҷмӯъ соли 2013 аз ФР ба Тоҷикистон 3 миллиарду 927 миллион доллар интиқол шуда буд.

Аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон баъди Ӯзбакистон ва Украина қарор дорад. Тайи моҳҳои январ-июни соли 2014 аз Русия ба Ӯзбакистон 2 миллиарду 815 миллион, ё дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад камтар маблағ ирсол гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 аз ФР ба ҶӮ 3 миллиарду 235 миллион доллар маблағ ворид шуда буд.

Ҳаҷми интиқоли хусусӣ (фардӣ) аз Русия ба Украина тайи нимсолаи якум муодили 1 миллиарду 560 миллион буд. Ин омор 9 % коҳиш ёфтани интиқоли маблағро дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта бозгӯ мекунад. Ба қавли манбаъ, моҳҳои январ-июни соли 2013 аз Русия ба Украина 1 миллиарду 712 миллион доллари амрикоӣ ирсол гардида буд.

1
Барчаспҳо:
таҳримҳо, коҳиш, ирсол, интиқол, ФР, Русия, БМ