Лӯлаи газ.

Тоҷикистон мехоҳад аз лӯлаи газ 3,5 миллиард доллар фоида бинад

10
(Таҷдидшуда 21:04 11.02.2016)
Ба қавли раиси “Тоҷиктрансгаз” дар сурати татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли газ Тоҷикистон 1 миллиард доллар аз ҳисоби андози ягона ва 2,5 миллиарди дигар аз ҳисоби саҳмияҳо ба даст меорад.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тоҷикистон аз ҳисоби бунёди лӯлаи гази Туркманистон- Чин беш аз 3,5 миллиард доллар фоида хоҳад дид, омадааст дар хабари сомонаи парлумони кишвар.

Бо тавзеҳот бештари "Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Тоҷикистон ва ширкати муштараки "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd" (Транс Таҷик-газ Пайплайн Компаний ЛТД)"  Саидмуҳаммад Шамсиддинзода, директори генералии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи "Тоҷиктрансгаз" рӯзи 9-уми декабр дар парлумон суханронӣ дошт.

Дар чорчӯби татбиқи ин лоиҳа ширкати "Trans-Tajik gas pipeline company ltd", ки муштаракан аз ҷониби ширкати "Trans-Asian pipeline (Hong Kong) company ltd "-и ҶМЧ ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз»  300 миллион доллар ҳар кадоме қарзи дарозмуддат гирифтааст. Қарз ба мӯҳлати 26 сол ва бо фоизи 2,7 дар сол баргардонида хоҳад шуд.

Ӯ қайд кард, ки арзиши умумии бунёди лӯлаи газ, ки аз Тоҷикистон мегузарад 3,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Татбиқи пружа соли 2015 оғоз гардида, интиқоли газ дар соли 2017 шурӯъ хоҳад шуд.

"Лоиҳаи мазкур бунёди 45 нақб ба дарозии 75 километр ва эҳдоси чанд иншооти зерсохториро ба нақша гирифтааст",-афзуд раиси "Тоҷиктрансгаз".

"Манфиати ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа аз андозситонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Таври мисол, фоидаи ширкати муштарак дар 32 сол ба 15 миллиард доллар баробар мешавад. Аз ин маблағ Тоҷикистон фақат барои андози ягона 1 миллиард доллар ба даст оварда, 2,5 миллиарди дигар аз ҳисоби саҳмияҳо мегирад",-гуфт Шамсиддинзода.

 

10
Барчаспҳо:
миллиард, манфиат, фоида, интиқол, газ, Trans-Asian pipeline, парлумон, Trans-Tajik gas pipeline company ltd, Тоҷиктрансгаз, Шамсиддинзода, Хитой, ҶМЧ, Тоҷикистон