Гузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ

Гумрук: додугирифти мол байни Тоҷикистону Ӯзбакистон меафзояд

14
(Таҷдидшуда 09:58 14.01.2015)
Соҳибкорони Ӯзбакистон майли ҳамкорӣ доранд ва бо қасди ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ба Хадамоти гумрук муроҷиат кардаанд.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ояндаи наздик додугирифти мол бо Ӯзбакистон метавонад рӯй ба афзоши биорад, бо такя ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Солҳои охир додугирифти мол миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон — ду кишвари ҳамсарҳади Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта аст.

Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти хабариаш 14 январ гуфтаст, соҳибкорони Ӯзбакистон майли ҳамкорӣ доранд ва бо қасди ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ба Хадамоти гумрук муроҷиат кардаанд.

"Онҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ ва омӯзиши бозор ба мо низ муроҷиат намуданд ва хоҳиши ҳамкорӣ доранд", — гуфтааст ин мақомдори давлатӣ.

Ба гуфтаи Маҳмадов, додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар соли 2014 ҳамагӣ 6,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо имкониятҳои ду кишвар хеле ночиз аст. Хадамоти гумурки мегӯяд, Тоҷикистон бо Ӯзбакистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ дорад, ки феълан танҳо 7 адади он фаъол аст ва боқимонда ба таври яктарафа дар солҳои гузашта аз ҷониби Ӯзбакистон баста шудаанд. Маҳмадов сабаби басташавии гузаргоҳҳоро гуногун арзёбӣ мекунад ва гузаргоҳи "Айваҷ" дар ҷануби Тоҷикистонро мисол овард, ки ба далели тахриби роҳи оҳани Узбакистон аз кор мондааст.

14
Барчаспҳо:
афзоиш, додугирифт, муроҷиат, соҳибкорӣ, ҳамкорӣ, Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Нуриддин Маҳмадов, Ӯзбакистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистону Ӯзбакистон дар масоили раводид гуфтугӯро шуруъ карданд
Ӯзбакистон дар наздикии марзи Тоҷикистон обанбор бунёд кард