Тилло. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон 40% фузулоти нодири тавлидшударо ба хориҷа содир кардааст

3
(Таҷдидшуда 16:50 11.02.2016)
Тоҷикистон дурнамои тавлиди фузулоти нодирро дар соли 2014 17% афзоиш дода ва аз ин роҳ беш аз 1 миллиарду 306 миллион сомонӣ ба даст овардааст.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тоҷикистон 38% фузулоти нодири дар кишвар тавлидкардаро ба хориҷ аз кишвар содир карда ва боқимондааш, яъне 62% — ро дар дохил фурӯхтааст, хабар медиҳад дар сомонаи худ Вазорати саноъат ва текнологияҳои нави Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 306 миллиону 138,6 ҳазор сомонӣ фузулоти нодир фурӯхта шудааст, ки аз ин маблағ суди аз содирот ба даст омада баробари 1 миллиарду 13,3 миллион сомонӣ будааст.

"Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ — декабри соли 2014 куллия ширкатҳои тавлидкунандаи фузулот дар Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 674, 8 миллион сомонӣ, ки насбат ба соли 2013 182, 9 миллион сомонӣ бештар аст, фузулот тавлид кардаанд", — омадааст дар баёния.

Қаблан ин ниҳод хабар дода буд, ки дар соли 2014 мизони тавлиди тилло на кам аз 3 тонн хоҳад буд ва аллакай дар охири моҳи октябр гузориш шуд, ки ин мизон ба даст омадааст. Дар 11 моҳи соли 2014 дурнамои тавлиди фузулоти нодир дар Тоҷикистон 17% бештар иҷро шуда буд.

Ба бахши тавлиди фузулот дар 11 моҳи соли 2014 ба маблағи 456,3 миллион сомонӣ ё 97,1 миллион доллар, ки нисбат ба соли 2013 46,3 миллион сомонӣ бештар аст, сармоягузорӣ сурат гирифтааст.

Бештар аз ҳама сармоягузорӣ ба ширкати бузургтарини тавлиди тилло дар кишвар — ширкати муштараки Тоҷикистону Чин "Зарафшон" — 263,2 миллион сомонӣ ва ё 56 миллион доллар ворид шудааст.

Ширкати муштараки "Зарафшон" дар соли 2014 хатти севуми истихроҷи тилло бо иқтидори 10 ҳазор тонн маъодин дар як шабонарӯзро роҳандозӣ кард, ки имкон дод ин ширкат тавлиди тилло то 2,5 тонн дар як сол афзоиш диҳад.

Тавлиди нуқра дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 943,6 килогараммро ташкил дод, ки нсибати ҳамин давраи соли гузашта 43,2 килограмм бештар аст.

3
Барчаспҳо:
содироти фузулот, "Зарафшон", Вазорати саноъат ва текнологияҳои нави Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст
Дар Тоҷикистон як ширкати чинӣ ба истихроҷи тилло шурӯъ мекунад